Дар муноқишаи Ворух марзбонони тоҷик аз аслиҳа истифода накарданд

Дар натиҷаи мавриди тирпарронӣ қарор гирифтани қаламрави мавзеи Бедаки ҷамоати Ворух аз ҷониби марзбонони Қирғизистон ду тан аз марзбонони тоҷик захмӣ шуданд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Сарситоди нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, як марзбони тоҷик зимни баромадан аз мавқеи ишғолкарда баъди ба сӯи мардуми осоишта тир кушодани марзбонони кишвари […]

Аваз Юлдошев



Дар натиҷаи мавриди тирпарронӣ қарор гирифтани қаламрави мавзеи Бедаки ҷамоати Ворух аз ҷониби марзбонони Қирғизистон ду тан аз марзбонони тоҷик захмӣ шуданд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Сарситоди нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, як марзбони тоҷик зимни баромадан аз мавқеи ишғолкарда баъди ба сӯи мардуми осоишта тир кушодани марзбонони кишвари ҳамсоя аз пой ва марзбони дигар мустақиман дар мавқеи ишғолкардаи марзбонони тоҷик аз дасташ захмӣ шудааст.

«Марзбонони захмишуда дар беморхонаи шаҳри Исфара бистарӣ буда, ба гуфтаи табибон, вазъи солимии онҳо муътадил аст», – гуфт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, ӯ маълумоти аз ҷониби Қирғизистон интишоршуда дар бораи он ки марзбонони тоҷик зимни мавриди тирпарронӣ қарор додани қаламрави кишвари ҳамсоя аз миномёт истифода кардаанд, қотеъона рад намуд.

«Дар ҷараёни ин ҳодиса марзбонони тоҷик умуман ягон маротиба аз силоҳи оташфишон тир накушоданд, – таъкид доштанд дар Сарситоди Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон таҳти назорат қарор дошта, роҳи мошингарди Исфара – Ворух баста аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.