Марзбонони қирғиз боз ду сокини Ворухро захмӣ карданд

Пас аз ҳодисае , ки дар қаламрави деҳаи Бедаки ҷмоати Ворухи ноҳияи Исфара миёни аҳолии маҳаллӣ ва марзбонони Қирғизистон рух дода, бар асари он 1 тан куштаву 8 нафар ҷароҳат бардоштанд, аҳолии Ворух гирдиҳамойӣ ташкил карданд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Исфара хабар дод, онҳо талаб кардаанд, ки ба амалҳои ғайриқонунии марзбонони […]

Аваз Юлдошев



Пас аз

ҳодисае

, ки дар қаламрави деҳаи Бедаки ҷмоати Ворухи ноҳияи Исфара миёни аҳолии маҳаллӣ ва марзбонони Қирғизистон рух дода, бар асари он 1 тан куштаву 8 нафар ҷароҳат бардоштанд, аҳолии Ворух гирдиҳамойӣ ташкил карданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Исфара хабар дод, онҳо талаб кардаанд, ки ба амалҳои ғайриқонунии марзбонони қирғиз хотима гузошта шавад.

Ба гуфтаи ӯ, марзбонони қирғиз ба ҷойи баргузории гирдиҳамойӣ омада, сӯи издиҳоми мардум бетартибона тир кушодаанд, ки дар натиҷа ду сокини маҳаллӣ захмӣ шудаанд. Марзбонони тоҷики ба ҷойи ҳодиса ҳозиршуда аз сокинони маҳаллӣ дархост кардаанд, ки ба хонаҳояшон пароканда шаванд ва баъди ин марзбонони қирғиз маҳалли ҳодисаро тарк кардаанд. «Аҳолии шаҳри Исфара дар ташвиш буда, ҳукуматдорони маҳаллӣ кӯшиш доранд, ки онҳоро ором созанд», – гуфт манбаъ.

Дар идома ӯ қайд кард, ки аз ҷаласаи оғозгардидаи муштараки ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъйин ва алоамтгузорӣ дар марзи давлатӣ бо иштироки муовинони нахуствазирони кишварҳо Муродалӣ Алимардон ва Абдураҳмон Маматалиев алҳол ҳеҷ натиҷае ҳосил нашудааст.

«Ҳайатҳои ҷонибҳо ба хулоса расиданд, ки дар вазъи ноороме, ки айни замон дар Исфара ҳукмфармо аст, наметавон ҳеҷ тавофуқе  ба даст овард ва аз ин рӯ, озими шаҳри Қайроққум шуданд, ки то ки дар он ҷо ба гуфтушунид идома диҳанд», – афзуд ӯ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.