Изҳороти ВКХ Тоҷикистон дар робита ба муноқишаи Ворух

Дар робита ба муноқишае, ки нимаи дуюми рӯзи 10-уми июл дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рух дод, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳорот пахш намуд. Дар изҳорот зикр мегардад, ки тибқи маълумоти мавҷуда 10 июли соли 2014 соати 11:30 бо вақти маҳаллӣ дар ҳудуди заминҳои кишоварзии хоҷагии кооперативии “Ворух”-и ноҳияи Исфара шаҳрвандони Тоҷикистон бо корҳои гузаронидани қубури […]

ASIA-Plus



Дар робита ба муноқишае, ки нимаи дуюми рӯзи 10-уми июл дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рух дод, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳорот пахш намуд.

Дар изҳорот зикр мегардад, ки тибқи маълумоти мавҷуда 10 июли соли 2014 соати 11:30 бо вақти маҳаллӣ дар ҳудуди заминҳои кишоварзии хоҷагии кооперативии “Ворух”-и ноҳияи Исфара шаҳрвандони Тоҷикистон бо корҳои гузаронидани қубури обгузар машғул буданд. Ҳамин вақт ба назди онҳо марзбонони қирғиз, ки дар дидбонгоҳи “Тамдиқ” воқеъ дар қитъаи баҳсталаби сарҳадӣ хизмат менамоянд, наздик шуданд ва нисбат ба сокинони осоишта рафтори номатлуб зоҳир карда, талаби ғайриқонунии қатъи корҳо ва тарк кардани мавзеъро пеш оварданд. 


Марзбонони Тоҷикистон, ки дар наздикӣ воқеъ буданд, барои муайян кардани ҳолати бавуҷудомада, ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, кӯшиш карданд, то амалҳои ғайриқонунии марзбонони қирғизро боз доранд. Дар ҷавоб ногаҳон аз ҷониби марзбонони қирғиз тирпаронии нишондор оғоз гардид. Дар натиҷаи ин амал, 7 сокини осоишта ва як марзбони тоҷик ҷароҳат бардоштанд. Як шаҳрванди Тоҷикистон бар асари ин ҷароҳат дар ҷои ҳодиса ҳалок гардид.

Бояд қайд кард, ки аз ҷониби марзбонони тоҷик силоҳи оташфишон истифода нашуд. 

Дар робита ба қазияи мазкур, ки новобаста аз созишҳои чандинкарата оид ба ҳудудҳои мувофиқанашудаи сарҳадӣ ба вуқӯъ пайваст, ҷониби Тоҷикистон вобаста ба нақзи созишҳои номбурда аз тарафи мақомоти алоҳидаи Ҷумҳурии Қирғизистон изҳори нигаронӣ менамояд. 

Айни замон дар ҷои ҳодиса ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар таҳти роҳбарии Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон ва Муовини Сарвазири Қирғизистон Абдураҳмон Маматалиев фаъолият доранд.

Бинобар ҳодисаи рухдода, Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян кардани ҷузъиёти он ёддошти расмиро ба ҷониби Қирғизистон фиристод. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.