Воситаҳои БАТР барои бунёди комплексҳои коркарди партобҳои маишӣ



Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) барои сохтмони комплексҳои коркард ва нобудсозии партовҳои сахти маишӣ дар Тоҷикистон воситаҳо ҷудо кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» хабар доданд, айни замон дар ҷумҳурӣ 65 майдони нигаҳдории партовҳои сахти маишӣ вуҷуд доранд, ки танҳо дар 4-тояш (дар Душанбе, Ёвон, Хуҷанд ва Чкаловск) низоми безараргардонии партовҳо амал карда, дар чанде аз дигар шаҳру навоҳӣ чунин корҳо қисман анҷом дода мешаванд.

«Бо мақсади бунёди комплексҳои коркарди партовҳои маишӣ мо лоиҳаҳои сармоягузорӣ омода намуда, сипас ба ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ пешниҳод гардид, ки дар натиҷа БАТР ба сармоягузории лоиҳаҳо омодагӣ изҳор кард», – гуфтанд дар корхона.

Ба иттилои манбаъ, БАТР барои сохтмони комплексҳои коркарди партовҳои сахти маишӣ 22 млн. доллари ИМА ҷудо кард, аз ҷумла барои сохтмони чунин комплекс дар шаҳри Душанбе – 9 млн. $, Хуҷанд – 5 млн. $, Қӯрғонтеппа – 4 млн. $ ва Турсунзода – 4 млн. $.

Зимнан зикр гардид, ки корҳои сохтмони иншооти мазкур соли равон оғоз мегарданд.

spot_imgspot_img

Популярное