Ҳаҷми муомилоти моли хориҷӣ ба ҳудуди 2,9 млрд. $ расид



Нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон ҳудуди 2,9 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2013 ба миқдори 14,3% ё худ беш аз 36 млн. доллари ИМА бештар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тавозуни савдо дар ин давра маъмулан манфӣ ва муодили наздики 185 млн. доллари ИМА шудааст. Соли ҷорӣ Тоҷикистон бо 86 кишвари дунё, аз ҷумла 10 кишвари узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 76 кишвари хориҷи дур муомилоти молӣ анҷом додааст.

Дар 6 моҳи соли 2014 ҳаҷми содироти мол 521 млн. $-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 ба миқдори 14,8%  камтар мебошад. Дар ин давра ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми ҳудуди 2,4 млрд. $ маҳсулот ворид гардидааст, ки нисбат ба соли пешин 23,5% зиёдтар аст.

Шарики асосии Тоҷикистон дар муомилоти мол дар 4 моҳи соли ҷорӣ Русия буда, ҳаҷми муомилоти моли хориҷии кишвар бо он ҳудуди 757 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар ин давра ҳаҷми муомилоти моли Тоҷикистон бо Қазоқистон – беш аз 414 млн. $, Чин – 355 млн. $ ва Туркия – ҳудуди 270 млн. $-ро ташкил дод.

Ёдрас мекунем, ки ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои соли 2013 ҳудуди 5 млрд. 285 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода буд, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2012 ба миқдори 2,9% ё худ 146,7 млн. $ зиёдтар буд.

spot_imgspot_img

Популярное