ҲНИТ номзадҳои эҳтимолияш ба вакилӣ дар сатҳҳои гуногунро муайян мекунад

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба муайян кардани номзадҳои эҳтимолии ҳизб ҷиҳати пешбарӣ ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, маҷлисҳои вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии кишвар оғоз намуд. Роҳбари ситоди марказии пешазинтихоботӣ, муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки дар тамоми минтақаҳои кишвар, ки бахшҳои ибтидоии ҳизб […]

Аваз Юлдошев



Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба муайян кардани номзадҳои эҳтимолии ҳизб ҷиҳати пешбарӣ ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, маҷлисҳои вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии кишвар оғоз намуд.

Роҳбари ситоди марказии пешазинтихоботӣ, муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки дар тамоми минтақаҳои кишвар, ки бахшҳои ибтидоии ҳизб фаъолият доранд, ситодҳои пешазинтихоботии ҲНИТ таъсис дода шудаанд.

«Ғайр аз ин, дар ҳамаи минтақаҳо ҳизби мо нозирони худро омода мекунад, ки дар интихоботи тамоми сатҳҳо дар кишвар моҳи феврали соли оянда фаъолият хоҳанд кард», – таъкид дошт М.Ҳайит.

Дар идома ӯ зикр кард, ки бахшҳои ибтидоии ҳизб ояндаи наздик ба баррасии Шӯрои ҲНИТ рӯйхати номзадҳои эҳтимолӣ аз ҳизб барои вакилӣ дар сатҳҳои гуоногунро пешниход хоҳанд кард.

Қобили зикр аст, ки мутобиқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, маъракаи интихоботи навбатӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҷумҳуриро президенти мамлакат на дертар аз 75 рӯз то анҷоми ваколатҳои вакилони палатаи поёнии парлумон, ки 28-уми феврали соли 2015 ба итмом мерасад, таъин мекунад.

Интихобот ба палатаи болоии парлумони Тоҷикистон пас аз 25 рӯзи баргузории интихоботи вакилон ба палатаи поёнии парлумон доир мегардад. Ҳамчунин ваколати вакилони тамоми сатҳҳо дар Тоҷикистон 28-уми феврали соли 2015 ба итмом мерасад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.