Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар бораи боздошти Гулчеҳра Холиқоваи 56-сола, омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (ДДТТ) ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои порагирӣ аз довталаб дар ҳаҷми 11 ҳазор доллари ИМА иттилоъ медиҳад.
Бино ба маълумоти Агентӣ, ассистенти кафедраи «Физиолигияи нормалӣ»-и донишгоҳи мазкур Гулчеҳра Холиқова аз сокини ноҳияи Зафаробод Баротова С. ба ивази кумак ба хешаш Исоев К. ҷиҳати дохил шудан ба донишгоҳ дар ҳаҷми зиёд пора гирифтааст.
«Санаи 20-уми июн Холиқова ба Баротова занг зада, дархост мекунад, ки маблағи 3 ҳазор доллари ИМА-ро бо даъватнома ва варақаи бақайдгирии довталаб Исоев К.Р. ба ӯ пешниҳод намояд. Аллакай рӯзи 24-уми июн омӯзгор 3 ҳазор долари ИМА-ро гирифта, иброз доштааст, ки барои қабул шудан дар маҷмӯъ 11 ҳазор доллари ИМА маблағ зарур аст. Омӯзгор гуфтааст, аз ин миқдор маблағ 2 ҳазорашро ба корманди Маркази миллии тестӣ (ММТ) бо номи Неъмат ва маблағи боқимондаро ба шахси дигаре медиҳад, ки ӯ низ ба ҳалли ин масъала сарукор дорад», – баён мегардад дар маълумоти Агентии зиддифасод.
Гуфта мешавад, санаи 2-юми июл Баротова С. маблағи 11 ҳазор доллари ИМА-ро дастрас намуда, вале бо кадом сабабе аз амалҳои Холиқова норозӣ ва бо аризаи шикоятӣ ба Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст.
«Пас аз ворид шудани ариза аз номи шаҳрванд Баротова С. мутобиқи моддаҳои 32 (Тайёрӣ ба ҷиноят ва суиқасд ба ҷиноят) ва 247 (Қаллобӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, санаи 3-юми июл тахминан соатҳои 11:45 омӯзгори донишгоҳ Гулчеҳра Холиқова дар суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, хонаи №9 боздошт шуд. Аз ӯ маблағи 11 ҳазор доллари ИМА, иборат аз 110 адад купюраҳои 100 доллараи ИМА ба сифати далели шайъӣ дарёфт ва мусодира карда шуд», – гуфта мешавад дар хабар.
Ҳамчунин зикр мегардад, ки нисбати гумонбаршуда Холиқова Г. чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан татбиқ карда шудааст. «Холиқова нишондод дод, ки гӯё бо ягон нафар дар хусуси дохил кардани Исоев К.Р. ҳанӯз маслиҳат накардааст ва мақсад доштааст, ки гӯё минбаъд шахсони дахлдорро дарёфт намуда, барои дохил кардани номбурда мусоидат менамудааст. Айни ҳол бо парвандаи ҷиноятии мазкур, баҳри муайян намудани шарикони боздоштшуда дар содир намудани ҷинояти зикршуда чораҳои дахлдор андешида шуда истодааст. Тафтиши пешакӣ идома дорад», – омадааст дар маълумоти Агентии зиддифасод.
Дар ҳамин ҳол, дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии Маркази миллии тестӣ Ситора Назарова дар мавриди ин масъала зикр кард, ки дар марказ корманд бо номи Неъмат кор намекунад ва имкони ҳамкории Маркази милли тестӣ бо омӯзгори Донишгоҳ комилан ғайриимкон мебошад.
«Қобили зикр аст, ки ахиран зиёд қаллобоне пайдо шудаанд, ки ба ивази маблағ ба падару модарони довталабон дохилшавӣ ба мактабҳои олиро ваъда мекунанд. Дар ин робита ММТ ҳамаи довталабон ва волидайни онҳоро огоҳ мекунад, ки ба ин гуна шахсон ҳеҷ гоҳ бовар накунанд. Дар низоми нави имтиҳоноти мутамаркази қабулшавӣ танҳо бо дониши кофӣ метавон ба мактаби олӣ қабул шуд, роҳи дигаре вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, аз ҳамагон хоҳиш мекунем, ки методҳои кӯҳнаи қабулшавиро фаромӯш намуда, ба имтиҳонҳо хубу дақиқ омода шаванд. Имтиҳоноти мутамаркази қабулшавӣ маҳз барои комилан аз байн бурдани коррупсия дар ин самт таҳия шудаанд», – гуфт Назарова.
Номбурда илолва намуд, ки намояндагони Марказ дарҳол ба ҳама гуна маълумот дар бораи ришвагирии имконпазир вокуниш нишон медиҳанд ва аз ин рӯ, дар робита ба қаллобии омӯзгори Донишгоҳи тиббӣ низ дар фурсати наздиктарин изҳороти ҷудогонаи марказ интишор хоҳад шуд.



