Тақдири Роғун дар Алмаато ҳаллу фасл мешавад

Нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар корҳои идомаи сохтмон ва барқароркунии нерӯгоҳи «Роғун» ҳудуди 340 млн. сомонӣ (тақрибан 68 млн. доллари ИМА) маблағҳо азхуд шудаанд, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта қариб 2,1 баробар зиёдтар аст. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, давоми моҳҳои январ-июни соли 2013 барои корҳои идомаи сохтмон ва […]

ASIA-Plus



Нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар корҳои идомаи сохтмон ва барқароркунии нерӯгоҳи «Роғун» ҳудуди 340 млн. сомонӣ (тақрибан 68 млн. доллари ИМА) маблағҳо азхуд шудаанд, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта қариб 2,1 баробар зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, давоми моҳҳои январ-июни соли 2013 барои корҳои идомаи сохтмон ва азнавсозии нерӯгоҳи «Роғун» ҳамагӣ 187 млн. сомонӣ маблағ хароҷот гардида буд.

Соли 2014 ҳукумати Тоҷикистон ҷудо кардани 1 млрд. 400 млн. сомонӣ аз буҷети давлатӣ барои амалисозии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун»-ро ба нақша гирифтааст, ки дар муқоиса бо соли 2013 ба андозаи 33% бештар аст.

Дар ҳамин ҳол, ахири моҳи гузашта натиҷаҳои пешакии ташхиси лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун», ки таҳти сарарастии Бонки ҷаҳонӣ гузаронида шуд, интишор шуданд.

Дар хулосаҳои коршиносон зикр мегардад, ки нерӯгоҳи «Роғун» комилан метавонад мувофиқи меъёрҳои байнулмилалии бехатарӣ сохта ва бидуни зарари экологӣ ба муҳити зист мавриди истифода қарор гирад. Барои ин ба лоиҳаи аввал танҳо каме тағийроти ночизе ворид кардан лозим асту халос.

Дар гузориш таъкид мегардад, ки дар сохтмони нерӯгоҳ ба сифати маҳаки асосӣ бояд бехатарии иншоот ба инобат гирифта шавад, зеро садама дар сарбанди нерӯгоҳ барои Тоҷикистон ва ҳамсоякишварҳои поёноби он фоҷеабор хоҳад буд.

Айни замон дар шаҳри Алмаато оид ба табодули маълумот дар бораи таҳқиқоти арзёбии лоиҳаи нерӯгоҳи «Роғун» вохӯрии панҷум ҷараён дорад, ки чанде қабл оғоз гардида, то 18-уми июл идома меёбад. Дар вохӯрии мазкур бо намояндагони манфиатдори кишварҳои ҳавзаи дарё – Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон гузоришҳои ахир, ки дар доираи таҳқиқоти арзёбӣ таҳия шудаанд, баррасӣ мешаванд.

Интизорӣ меравад, ки маҳз дар ҳамин вохӯрӣ масъалаи идомаи минбаъдаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» ҳаллу фасл хоҳад шуд. Бо назардошти тавсияҳои Бонки ҷаҳонӣ ахири сол дар бораи сохтмони сарбанд тасмим гирифта мешавад.

Дар Алмаато аз ҷумла таҳқикоти арзёбии фанниву иқтисодии лоиҳа ва таъсири иҷтимоиву экологии сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» матраҳ мегарданд. Ин ду гузориш натиҷаҳои таҳқиқоти арзёбӣ мебошанд, ки аз ҷониби мушовирони мустақил Coyne & Bellier ва Poyry омода шуда, масъалаҳои бехатарии сарбанд, идоракунии захираҳои обӣ, истифодаи обанбор, таҳлили иқтисодӣ ва молиявӣ, таъсир ба кишварҳои ҳавзаи дарё ва дигар масъалахои муҳимро дар бар мегиранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.