Омодагии ширкати чинӣ ба 200 млн. $ маблағгузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон



Нимаи дуюми рӯзи 14-уми июли соли равон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Мушовири калони ширкати “Чунтай-Шоҳроҳи нави абрешим”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Ян Ҷеро, ки бо фаъолияти сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзии ноҳияи мухтори Синзян-Уйғур машғул аст, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба ташкили ҳамкорӣ дар соҳаи истеҳсоли пахта ва коркарди саноатии он баррасӣ шуда, Ли Ян Ҷе изҳор дошт, ки онҳо тасмим доранд дар Тоҷикистон истеҳсоли пахтаро бо истифода аз технологияҳои навтарини ҷаҳон дар ҳамкорӣ бо деҳқонону мутахассисони тоҷик ба роҳ монда, барои коркарди то 15 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр корхонаҳои гуногуни саноатӣ бунёд намоянд.

Ба иттилои мнабаъ, тибқи нақша онҳо ният доранд, ки оянда бо маҳсулоти тайёр натанҳо бозори дохилии Тоҷикистонро таъмин кунанд, балки содироти онро ба хориҷи кишвар ба роҳ монанд.

Гуфта мешавад, дар давраи аввал бо ҷалби беш аз 120 миллион доллари амрикоӣ сармояи мустақим зиёда аз 6 ҳазор ҷойи корӣ бунёд меёбад. Оянда ҳаҷми сармоя то 200 миллион доллари амрикоӣ ва шумораи ҷойҳои корӣ то ба 15 ҳазор бояд расонда шавад.

Зимнан зикр мегардад, ки Эмомалӣ Раҳмон андешаҳои онҳоро хуш пазируфта, ҳамзамон таъкид дошт, ки барои қабули тасмими ниҳоӣ нақшаю барномаҳои ҳамкорӣ бояд ҳамаҷониба омӯхта шаванд.

spot_imgspot_img

Популярное