Ба «доми фиреб»-и маҳбус афтодани кормандони ниҳодҳои интизомии Хатлон

Маҳбуси яке аз муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон муддати як давраи муайяне бо муаррифии худ ба сифати корманди Агентии зиддифасод ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон дастуру супоришҳо додааст. Аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистон Достон Сабзаев, ки ахири соли 2012 […]

ASIA-Plus



Маҳбуси яке аз муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон муддати як давраи муайяне бо муаррифии худ ба сифати корманди Агентии зиддифасод ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон дастуру супоришҳо додааст.

Аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистон Достон Сабзаев, ки ахири соли 2012 аз ҷониби суди вилояти Хатлон барои одамкушӣ ба 12 соли зиндон маҳкум шуда будааст, зимни қарор доштан дар муассисаи ислоҳии низомаш шадид, ба фаъолияти ҷинояткоронаи худ идома додааст.

Ҳамин тариқ, аввали моҳи июни соли ҷорӣ Сабзаев бо муаррифии хеш ба сифати сардори Раёсати Агентии зиддифасод дар вилояти Хатлон, ба сардори Хадамоти шиносномавӣ-бақайдгирии Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Хатлон Суҳроб Ҷонвалиев тариқи телефон занг зада, аз ӯ рақами телефони ҳамроҳи сарнозири Хадамоти шиносномавӣ-бақайдгирии ноҳияи Носири Хусрав Баҳром Зувайдовро дастрас мекунад.

Сипас Сабзаев ба Зувайдов занг зада, ба ӯ супориш медиҳад, ки ҳарчи зудтар ба Басгул Баротова шиносномаи дохилӣ тайёр карда диҳад. Минбаъд маълум шудааст, ки Баротова ҳамсари маҳбус будааст. Зувайдов ҳамсуҳбатро роҳбари Агентии зиддифасоди вилоят пиндошта, ин супоришро ба иҷро мерасонад.

Бо занги дигар Сабзаев ба Зувайдов супориш медиҳад, ки барои ҷиянаш 1 ҳазор сомонӣ маблағ диҳад ва ин супориш ҳам иҷро мешавад.

Бо ҳамин роҳ ба Сабзаев муяссар шудааст, ки сарнозири Шуъбаи ВКД ҶТ дар вилояти Бохтар Нуралӣ Набиевро низ ба доми фиреби худ афканад. Сабзаев ба ӯ супориш медиҳад, ки ба шаҳрванд Шоева маҳсулоти ғизойии гуногун харидорӣ намояд. Набиев ба гуфтаҳои Сабзаев бовар карда, дар яке аз бозорҳои маҳаллӣ ба маблағи 210 сомонӣ барои ин зан маҳсулоти ғизойӣ харидааст.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далел нисбати Достон Сабзаев парвнадаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.