Зокиров: Ба сохтмони роҳҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон алҳол зарурате нест



Раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезияи назди ҳукумати ҶТ Маҳмадтоир Зокиров бар ин назар аст, ки айни замон ба сохтмони роҳҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон зарурате нест, зеро ҳама роҳҳои зарурӣ ҳанӯз замони Шӯравӣ бунёд гардида буданд.

Зимни нишасти хабарӣ Зокиров дар мавриди ин масъала иброз дошт, ки Тоҷикистону Қирғизистонро мебояд нахуст сари масъалаи таъйин ва аломатгузории марзи давлатӣ сари хулосаи мушаххас расанд.

«Мо бояд сари масъалаҳое, ки ҳанӯз аз соли 1924-уми қарни гузашта роҳи ҳалли худро намеёбанд, ба як хулоса бирасем. Айни замон комиссияи муштараки ҷонибҳо, ки ман ҳам узваш мебошам, рӯйи ин масъала кор мекунад. Вақте марз миёни кишварҳо мушаххасан муайян карда шавад, сипас метавон дар бораи сохтмони роҳу дигар иншооти зербиноӣ ҳарф зад. Алҳол бошад, ин масъаларо аъзои комиссия ҳаттто ба баррасӣ нагузоштаанд», – таъкид кард ӯ.

Раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезияи назди ҳукумат ҷамоати Ворухи шаҳри Исфараро «ҷазирақаламрав» намешуморад ва бар ин назар аст, ки барои пайвастани ин қаламрав бо дигар манотиқи Тоҷикистон бунёди роҳҳои нави алтернативӣ зарур нестанд.

spot_imgspot_img

Популярное