Фурудгоҳи Кӯлоб ба буҷет ҳудуди 2,5 сомонӣ маблағ пардохт кард

Дар зарфи 6 моҳи соли равон ҳаҷми даромади Фурудгоҳи байнулмилалии Кӯлоб 14 млн. 253 ҳазор сомониро ташкил дода, аз ин ҳисоб ба буҷети давлатии кишвар 2 млн. 330 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт шудааст. Директори генералии фурудгоҳ Алӣ Комилов зимни нишасти хабарӣ иброз дошт, ки айни замон аз хизматгузориҳои фурудгоҳ 3 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла ду […]

Турко Дикаев



Дар зарфи 6 моҳи соли равон ҳаҷми даромади Фурудгоҳи байнулмилалии Кӯлоб 14 млн. 253 ҳазор сомониро ташкил дода, аз ин ҳисоб ба буҷети давлатии кишвар 2 млн. 330 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт шудааст.

Директори генералии фурудгоҳ Алӣ Комилов зимни нишасти хабарӣ иброз дошт, ки айни замон аз хизматгузориҳои фурудгоҳ 3 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла ду ширкати хориҷӣ ва 1 ширкати маҳаллӣ, ки ҳиссааш 37%-ро ташкил медиҳад, истифода мекунанд.

«Дар ин давра 390 парвоз тариқи хатсайрҳои гуногун анҷом дода шуда, ба 91 ҳазору 858 нафар мусофир, аз ҷумла 33 ҳазору 236 нафар мусофири воридшуда ва 58 ҳазору 622 нафар мусофири хориҷшуда хизматгузорӣ шуд», – гуфт ӯ.

Ба қавли Комилов, дар Фурудгоҳи байнулмилалии Кӯлоб  нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба 3 ҳазору 287 нафар мусофир иҷозати парвоз ба Русия рад карда шуд. «Аз оғози сол мо ҷойҳои кории иловагӣ таъсис дода, имрӯз дар фурудгоҳ 250 нафар машғули коранд ва музди миёнаи меҳнати моҳонаи онҳо 1500 сомониро ташкил медиҳад», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.