Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон Тоир Тешаевро, ки дар олами ҷиноии минтақа эътибори хоссаеро қоил буд, ба ҳабс гирифт.
Сардори РВКД дар вилояти Хатлон генерал майори милиса Анвар Тағоймуродов рӯзи 15-уми июл зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки Тоир Тешаев, машҳур бо лақаби «Тоири сиёҳ» 19-уми марти соли равон аз тарафи кормандони раёсат ба ҳабс гирифта шудааст. «Нисбати ӯ бо моддаҳои 195 қисми 2, 237 қисми 3, 141 қисми 1 КҶ ҶТ ва 104 –и КҶ ҶТ таҳрири соли 1961 парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид», – зикр кард ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, Тоир Тешаев бо ҳаммаслаконаш бо як гурӯҳи дигар дар муноқиша мешаванд ва аз силоҳи оташфишон тир холӣ мекунанд, ки ба дасти зане, ки дар айвони хонааш меистодааст, бармехӯрад.
Зимнан зикр гардид, ки ҳамроҳи ӯ ҳаммаслаконаш – шаҳрвандон Суҳроб Назаров, Баҳодур Боев, Маҳмадсафо Низомов ва як нафар аз тарафи муқобил Фаридун Зокиров низ дастгир шудаанд. «Бояд гуфт, ки дар пайи ин муноқиша 7 нафар шаҳрвандони дигар дар пайгарди қонунӣ қарор дошта, ҳоло ин қазияро прокуратураи вилояти Хатлон тафтиш мекунад», – афзуд Анвар Тағоймуродов.



