Шиносоии сарвазир бо фаъолияти пойгоҳҳои обкашии ноҳияҳои Зафарободу Мастчоҳ

Рӯзи 15-уми июл Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф овард. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, зимни сафар Қоҳир Расулзода нахуст дар ноҳияи Зафаробод бо вазъи пойгоҳҳои обкашӣ ва ҳолати таъминоти хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия бо об шинос шуд. Тавре маълум гардид, силсилапойгоҳҳои обкашии “Мирзочул” дар айни замон бо […]

ASIA-Plus



Рӯзи 15-уми июл Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф овард.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, зимни сафар Қоҳир Расулзода нахуст дар ноҳияи Зафаробод бо вазъи пойгоҳҳои обкашӣ ва ҳолати таъминоти хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия бо об шинос шуд.

Тавре маълум гардид, силсилапойгоҳҳои обкашии “Мирзочул” дар айни замон бо дарназардошти паст будани сатҳи оби дарёи Сир фаъолияти пурра надошта, заминҳои таиноти кишоварзии ноҳияро ба миқдори зарурӣ бо об таъмин намекунад.

Барои таъмини фаъолияти мунтазам ва беҳдошти сатҳи обрасонӣ дар ноҳия сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода масъулини соҳаро вазифадор кард, ки лоиҳаи ба таъмири пурра фаро гирифтани қубурҳои калонҳаҷми асосии обрасонро таҳия карда, асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ гузаронанд. Дар баробари ин тавуҷҷуҳи асосӣ ба масъалаи таъминоти доимии иншооти обрасон бо барқ нигаронида шуда, корҳои тоза намудани каналу қубурҳо сари вақт ба анҷом расонида шаванд.

Дар идомаи сафар Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Мастчоҳ бо ҳолати нашъунамои зироатҳои кишоварзӣ ва таъминоти хоҷагиҳои деҳқонӣ бо об шинос шуд. Қоҳир Расулзода дар маҷмӯъ вазъи кишоварзӣ ва ҳолати таъминоти соҳа бо обро муътадил арзёбӣ карда, роҳбарияти ноҳия ва шахсони масъулро барои таъмини бемамонияти хоҷагиҳои кишоварзӣ бо об, тақсимоти дуруст ва истифодаи самараноки об дар ҳамин замина, афзун намудани ҳосилнокии майдониҳои таъиноти кишоварзӣ вазифадор кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.