Бинои ҳукумати Хатлон бо 3,3 млн. сомонӣ таъмир мешавад

Барои таъмири асосии бинои ҳукумати вилояти Хатлон 3,3 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст. Чуноне сардори идораи сохтмони асосии вилояти Хатлон Раҳматулло Худойназаров зимни як нишасти матбуотиаш иброз дошт,  сметаи хароҷоти таъмири  асосии бинои ҳукумати вилоят  беш аз 6 миллион сомониро ташкил медиҳад, аммо дар марҳилаи аввал 3,3 миллион сомонӣ  барои таъмири бинои аввал ихтисос гардидааст, […]

Сайраҳмон Назриев



Барои таъмири асосии бинои ҳукумати вилояти Хатлон 3,3 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.

Чуноне сардори идораи сохтмони асосии вилояти Хатлон Раҳматулло Худойназаров зимни як нишасти матбуотиаш иброз дошт,  сметаи хароҷоти таъмири  асосии бинои ҳукумати вилоят  беш аз 6 миллион сомониро ташкил медиҳад, аммо дар марҳилаи аввал 3,3 миллион сомонӣ  барои таъмири бинои аввал ихтисос гардидааст, ки мувофиқи нақшаи пешбинишуда, бояд ин бино дар арафаи Рӯзи Истиқлолияти кишвар, 9-уми сентябр аз таъмир бароварда шуда, дар марҳилаи дуюм бинои дигари ҳукумат мавриди таъмир қарор хоҳад гирифт.

«Бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳанӯз даврони шӯравӣ сохта шудаву то ба имрӯз таъмири асосиро надида буд. Баъди таъмири асоси намуди бино куллан таъғир меёбад. Ҳамчунин барои он маркази ягонаи гармидиҳӣ сохта мешавад.  Илова бар ин, кормандони ҳукумат бо мизу курсиҳои замонавӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ таъмин хоҳанд шуд» – афзуд Худойназаров.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.