Суғд: Сӯзонидани ҳудуди 180 кило маводи мухаддир

Дар оташдонҳои махсуси Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар вилояти Суғд бо ҳузури намояндагони ниҳодҳои интизомӣ, мақомоти судӣ ва рӯзноманигорон миқдори навбатии маводи мухаддири мусодирашуда сӯзонида шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» сардори Раёсати АНМН дар вилояти Суғд полковник Музаффар Ҳотамов хабар дод, дар оташдонҳо беш аз 179 кило маводи мухаддири навъҳои гуногун несту […]

ASIA-Plus



Дар оташдонҳои махсуси Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар вилояти Суғд бо ҳузури намояндагони ниҳодҳои интизомӣ, мақомоти судӣ ва рӯзноманигорон миқдори навбатии маводи мухаддири мусодирашуда сӯзонида шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» сардори Раёсати АНМН дар вилояти Суғд полковник Музаффар Ҳотамов хабар дод, дар оташдонҳо беш аз 179 кило маводи мухаддири навъҳои гуногун несту нобуд карда шуданд.

Ба гуфтаи ӯ, аз миқдори умумии маводи нашъаовари сӯзонидашуда беш аз 9 килояшро маводи мухаддири сахттаъсири героин, зиёда аз 12 килояшро афюн ва беш аз 156 килояшро маводи нашъаовари ҳашиш ташкил медиҳад.

М.Ҳотамов илова намуд, ки маводи мухаддири нобудшуда ба сифати далелҳои шайъӣ дар парвандаҳои ҷиноӣ мусодира гардида, нисбати ин парвандаҳо ҳукми суд содир шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.