Молики мағозаи «Лимпопо»-и Душанбе мавриди ҷустуҷӯ эълон шуд



Молики мағозаи молҳо барои кӯдакони «Лимпопо» дар шаҳри Душанбе Мавлуда Ваҳҳобова ба азхудкунии беш аз миллион доллар бо роҳи фиреб гумонбар дониста шуда, мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон шудааст.

Ба идораи «Азия-Плюс» ҷабрдидагон аз молики мағоза Мавлуда Ваҳҳобова, сокинони шаҳр муроҷиат намуданд, ки ӯ ба боварии онҳо даромада, маблағи пулӣ гирифтааст ва сипас таҳдид кардааст, ки онро барнамегардонад. Маблағи умумии бо роҳи фиреб азхудкардаи Ваҳҳобова 1 млн. 200 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки ӯ ин маблағро аз зиёда аз 30 нафар қарз гирифтааст ва ин танҳо нафароне мебошанд, ки аз Ваҳҳобова барои гирифтани қарз забонхат доранд. Муҳлати баргардонидани қарз гуногун – аз чанд рӯз то якчанд сол аст. Минбаъд Ваҳҳобова бо ҳамсараш Акобир Ваҳҳобов ба қарздиҳандгон таҳдид кардаанд, ки ба мақомоти милиса муроҷиат накунанд.

Шахсоне, ки ба Ваҳҳобова маблаги пулӣ қарз додаанд, ба унвони президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон, вазири корҳои дохилӣ, прокурори генералӣ, Агентии зиддифасод ва ҳамчунин идораи нашрияи «Азия-Плюс» бо дархости мусоидат ба ҳалли мушкилоташон нома навиштанд.

Ба гунаи мисоли ба боварии шахсон даромадани Ваҳҳобова, ҷабрдидагон ҳикоят мекунанд, ки чӣ гуна ӯ аз мушкилоти фарроши мағозаи худ истифода бурда, ӯро аз манзил маҳрум кардааст. «Ӯ дар бонк манзили фаррош ва модарашро ба гарав гузошта, дар ҳаҷми 100 ҳазор доллари ИМА қарз мегирад. Аз ин миқдор ба фаррош 2 ҳазор доллари маблағ дода, пардохтани қарзи бонкро ҳатто фикр ҳам намекард. Дар натиҷа ду оила, аз ҷумла ду шахси пиронсоли бемор ва зани танҳо бо ду кӯдак аз манзил маҳрум шуданд, зеро бо қарори Суди олии иқтисодии ҶТ ҳарду манзил ҷиҳати пардохти қарз ба ихтиёри бонк супурда шуд», – омадааст дар ариза.

Дар ариза ҳамчунин зикр мегардад, ки Мавлуда Ваҳҳобова бо истифода аз мансаби хидматӣ аз зертобеъи худ Трусова В.В. маблағи пулӣ қарз мегирад. Минбаъд Трусова чандин маротиба дархост мекунад, ки қарзро баргардонад, вале дархосташ рад шуда, сипас аз ҷониби тамоми оилаи Ваҳҳобовҳо ӯ мавриди таҳдиду таҳқир қарор мегирад ва маҷбур мешавад, ки ба мақомоти интизомӣ муроҷиат намояд. Сарфи назар аз ин, таҳдиду таҳқирҳо идома ёфта, ӯ ва модари пиронсолашро бо воситаҳои гуногун метарсониданд. Дар ҳамин ҳол, Трусова аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавриди ҳимояти бояду шояд қарор нагирифтааст. «Ваҳҳобовҳо пул талаб карда, пешакӣ медонистанд, ки онро барнамегардонанд», – гуфта мешавад дар ариза.

Нафарони ба идораи нашрияи «Азия-Плюс» муроҷиаткарда мегӯянд, Ваҳҳобовҳо Тоҷикистонро рӯзи 1-уми феврали соли 2014 бо нуқтаи таъиноти фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав тарк кардаанд.

Онҳо бар ин назаранд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ онҳоро ҳимояту тарафдорӣ мекунанд, зеро язнаи Ваҳҳобова М.А. – Нурматов Олим собиқ корманди милиса буда, зимни баҳсҳо оид ба ин қазия худро «полковники милиса» муаррифӣ мекардааст. «Маҳз ӯ фиребгаронро бидуни монеъа аз фурудгоҳ гузаронида, барои тарки қаламрави кишвар кумак кард», – қайд мешавад дар ариза.

Таъкид мегардад, ки чандин маротиба ҷабрдидагон ба ҳолате дучор омадаанд, ки маълумоте, ки бояд танҳо дар ихтиёри муфаттиши ин парванда – Икром Алиев қарор дошта бошад, то ба Нурматов О. ва оилаи Ваҳҳобовҳои қаламрави кишварро тарккарда низ мерасидааст.

«Як далел меорем. Моҳи март Мавлуда Аҳмедовна ба чанде аз ҷабрдидагон занг зада, бо ваъдаи баргардонидани қарз, аз онҳо хоҳиш мекунад, ки ариза нанависанд. Яке аз ҷабрдидагон – Ҳамаева Ҳалима рақами телефонро ба назди муфтаттиш Алиев бурда, дар ин бора ба ӯ хабар медиҳад. Бо ин рақам суроға муайян карда нашуда, вале расо баъди як рӯз (!) Ваҳҳобова боз ба ин ҷабрдида занг зада, изҳори норозигӣ мекунад, ки ӯ ба милиса рафтааст ва ҳамчун ҷазо баргардонидани қарз ба ӯро рад намуда, боз изҳор мекунад, ки тамоми милисаро «ӯ харидагӣ аст ва дар бораи ҳамаи амалҳо ӯ дарҳол хабардор мешавад», – ҳикоят мекунанд ҷабрдидагон.

Идораи нашрияи «Азия-Плюс» дар мавриди шарҳи ин масъала ба муфаттиши Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шоҳмансур Икром Алиев муроҷиат кард, вале ӯ ба ҳеҷ кадоме аз саволҳо посух надода, иттилоъ дод, ки оид ба ин қазия тафтиш ҷараён дошта, Ваҳҳобова мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное