Кумитаи андоз аз нисф зиёди саҳмияи «Камароб»-ро ба фурӯш мегузорад

Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ аз нисф зиёд (баста назоратӣ)-и саҳмияҳои ширкати чинии Kaisun mining Corporation дар ҶДММ «Камароб» ба маблағи ҳудуди 80 млн. сомониро дар музояда ба фурӯш мегузорад. Музояда санаи 30-юми июл дар Бинои Кумитаи андоз доир мегардад. Дар он ҳамаи хоҳишмандон метавонанд 52%-и саҳмияҳои ҶДММ «Камароб»-ро харидорӣ намоянд. Аз Кумитаи андози назди […]

Заррина Эргашева



Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ аз нисф зиёд (баста назоратӣ)-и саҳмияҳои ширкати чинии Kaisun mining Corporation дар ҶДММ «Камароб» ба маблағи ҳудуди 80 млн. сомониро дар музояда ба фурӯш мегузорад.

Музояда санаи 30-юми июл дар Бинои Кумитаи андоз доир мегардад. Дар он ҳамаи хоҳишмандон метавонанд 52%-и саҳмияҳои ҶДММ «Камароб»-ро харидорӣ намоянд.

Аз Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки сабаби ба фурӯш гузоштани саҳмияҳои ширкат қарз аз андоз мебошад, ки аз пардохти он ширкат саркашӣ кардааст. «Kaisun mining Corporation» саҳмиядори асосии корхонаи истихоҷи ангишти «Камароб» мебошад, ки дар кони Назарайлоқ кор мекунад.

«Ин ширкати чинӣ дар биржаи Гонконг дар бораи фурӯши ҳиссаи саҳмияҳо ба ширкати сабтшуда дар минтақаи оффшорӣ қарордод ба имзо расонида, маблағи қарордод 50 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст. Аз ин амалиёт ширкат ба буҷети Тоҷикистон маблағи андозро пардохт накард», – шарҳ дод корманди Кумитаи андоз.

Ҳамсуҳбат зикр кард, ки пас аз санҷиш ин рӯйпӯшкунӣ маълум гардида, ошкор шудааст, ки ҳамроҳ бо маблағҳои ҷаримаву фоизҳо, маблағи умумии пардохти андоз 79 млн. 59 ҳазору 966 сомониро ташкил додааст.

«Ширкат бо хулосаи мо розӣ нашуда, даъво пеш овард, вале ҳам дар зинаи аввал ва ҳам дар зинаи кассатсионии баррасии шикоят дар Суди олии иқтисодӣ даъвояш қонеъ нагардид. Ширкат ҳақ будани худро исбот карда натавониста, пардохти қарз аз андозро рад кард. Мутобиқи қонунгузории ҷумҳурӣ, ҳиссаи ширкати чинӣ дар ҶДММ «Камароб» ҳабс шуда, ширкат дар ин бора огоҳ карда шуд. Барои ҳалли ин мушкил мо роҳи дигаре надорем», – гуфтанд дар Кумитаи андоз.

Зимнан зикр гардид, ки 52%-и саҳмияҳои корхонаи истихроҷи ангишт ба ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шудаанд. «Феълан Тоҷикистон дорои 48%-и саҳмияҳои ҶДММ «Камароб» буда, дар сурати хоҳиш доштан, метавонад молики 100%-и саҳмияҳои корхона гардад», – афзуд сарчашмаи хабар.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.