Вазири корҳои дохилӣ ҳолати омодабоши ДТММ-и Раштро санҷид

Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ генерал-лейтенати милиса Рамазон Раҳимзода аз ноҳияи Рашт боздид намуда, бо шароти зист ва хизмати кормандони хадамоти оташнишонӣ ва ҳолати омодабоши Дастаи таъиноти махсуси милиса (ДТММ, ОМОН)-и Раёсати ВКД дар минтақаи Рашт шинос шуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, вазир бештар ба мушкилоти марбут ба таъмини кормандони милисаи минтақа бо […]



Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ генерал-лейтенати милиса Рамазон Раҳимзода аз ноҳияи Рашт боздид намуда, бо шароти зист ва хизмати кормандони хадамоти оташнишонӣ ва ҳолати омодабоши Дастаи таъиноти махсуси милиса (ДТММ, ОМОН)-и Раёсати ВКД дар минтақаи Рашт шинос шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, вазир бештар ба мушкилоти марбут ба таъмини кормандони милисаи минтақа бо манзил ва шароити будубоши онҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Гуфта мешавад, Рамазон Раҳимзода ҳамчунин дар маросими мавриди истифода қарор додани як қатор иншооти таъиноти хизмативу маишӣ барои кормандони милисаи минтақа низ ширкат варзид.

Ба иттилои манбаъ, вазир ба ҳолати омодабоши ҳарбии кормандони милиса, роҳандозии ҳамкориҳо бо аҳолии маҳаллӣ аз ҷониби онҳо ва фаъолияти нозирони минтақавии Шӯъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.