Пирӯзии Дилшод Назаров дар мусобиқот дар Шветсия

Дар мусобиқаи марҳилаи навбатии силсилаи даъвати ҷаҳонии Ассотсиатсияи байнулмилалии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF Hammer Throw Challenge) дар шаҳри Карлстади Шветсия гурзандози тоҷик Дилшод Назаров бо натиҷаи 79,62 метр зинаи аввалро ишғол намуд. Зинаи дуюмро бо нишондиҳандаи 77,93 метр гурзандози Словакия Марсел Ломнитски ва мақоми сеюмро бо натиҷаи 77,57 метр варзишаги Финландия Давид Седерберг касб карданд. […]

Сайфиддин Қараев



Дар мусобиқаи марҳилаи навбатии силсилаи даъвати ҷаҳонии Ассотсиатсияи байнулмилалии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF Hammer Throw Challenge) дар шаҳри Карлстади Шветсия гурзандози тоҷик Дилшод Назаров бо натиҷаи 79,62 метр зинаи аввалро ишғол намуд.

Зинаи дуюмро бо нишондиҳандаи 77,93 метр гурзандози Словакия Марсел Ломнитски ва мақоми сеюмро бо натиҷаи 77,57 метр варзишаги Финландия Давид Седерберг касб карданд.

Пешсафи мусобиқоти силсилаи Hammer Throw Challenge варзишгари Маҷористон (Венгрия), қаҳрамони Олимпиадаи соли 2012 Критсиан Парс мебошад, ки 243,89 имтиёз дорад. Дилшод Назаров бо касби 240,48 имтиёз дар зинаи дуюм қарор дорад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Дилшод Назаров, гурзандози машҳури тоҷик, ҳамчунин дар ду мусобиқаи байналмилалӣ дар Италия ва Маҷористон ду медал ба даст овардааст.

Вай дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Италия гурзро ба масофаи  77 метру 95 сантиметр ҳаво дод ва бо медали тилло сарфароз гашт. Баъдан Дилшод Назаров дар мусобиқаи байналмилалии «Istvan Gyulai Memorial» аз силсилаи «IAAF Hammer Throw Challenge»,ки дар пойтахти Маҷористон – Будапешт баргузор шуд, бо натиҷаи 80,24 метр медали биринҷӣ гирифт. Дар ин мусобиқа Кристиан Парс аз Маҷористон бо натиҷаи 82,49 м мақоми аввалро касб кард. Павел Файдек аз  Лаҳистон (80,73 м) дувум шуд.

Ба ин тартиб, Дилшод Назаров моҳҳои май-июли соли равон дар ҳафт мусобиқаи байналмилалӣ се медали тилло, се медали нуқра ва як медали биринҷӣ ба даст овардааст.

Дилшод Назарови 32-сола яке аз фаъолтарин варзишгарони тоҷик ба шумор меравад ва шарафи Тоҷикистонро дар се Олимпиадаи тобистона – соли  2004 дар Афина, соли 2008 дар Пекин ва соли 2012 дар Лондон – ҳимоят кардааст. Рекорди инфиродиаш дар гурзандозӣ 80 метру 71 сантиметр аст.

Бояд гуфт, ки Дилшод Назаров авоили моҳи январи соли равон муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон таъин шудааст. Вай, инчунин, раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.