Мусодираи беш аз 20 кило героин дар Хуҷанд



Зимни гузаронидани як чорабинии махсуси фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар шимоли кишвар, миқдори калони маводи мухаддири сахттаъсири «героин» ошкор гардид.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, санаи 15-уми июли соли равон аз ҷониби кормандони милитсия дар ҳудуди маҳаллаи Бофандаи шаҳри Хуҷанд ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» Умед Сатторови 33-сола, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ боздошт карда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи мазкур 20 килою 799 грамм маводи нашъадори сахттаъсири навъи «героин» дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

spot_imgspot_img

Популярное