Суғд: Оғози фаъолияти 70 корхонаи нави саноатӣ дар соли равон

Дар вилояти Суғд аз оғози соли равон 70 корхонаи нави саноатии хурду миёна ва бузург бо фарогирии 1 ҳазору 541 ҷойҳои нави корӣ ба фаъолият пардохтанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз шуъбаи энергетика ва саноати ҳукумати вилояти Суғд хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, айни замон дар қаламрави минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 335 корхонаҳои саноатӣ фаъолият […]



Дар вилояти Суғд аз оғози соли равон 70 корхонаи нави саноатии хурду миёна ва бузург бо фарогирии 1 ҳазору 541 ҷойҳои нави корӣ ба фаъолият пардохтанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз шуъбаи энергетика ва саноати ҳукумати вилояти Суғд хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, айни замон дар қаламрави минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 335 корхонаҳои саноатӣ фаъолият доранд. «Дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ дар корхонаҳои саноатии вилояти Суғд ба маблағи 1,6 млрд. сомонӣ маҳслуот истеҳсол шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 24% зиёдтар аст», – гуфт манбаъ.

Ҳамчунин зикр гардид, ки то ахири сол дар қаламрави минтақаи шимоли кишвар 160 корхонаи нави саноатӣ мавриди истифода мегиранд, ки ба то 5 ҳазор зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ имкон фароҳам меоварад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.