Зимни вохӯрӣ дар палатаи болоии парлумони Британияи Кабир санаи 2-юми июли соли равон вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов изҳор намуд, ки хадамоти махсуси Тоҷикистон Александр Содиқовро барои робита бо бархе аз афроди номақбул боздошт карданд. Дар ин бора
eurasianet.org
хабар медиҳад.
Дар посух ба савол оид ба тезонидани мурофиаи судии парвандаи Содиқов, вазир қайд кард, ки дар бораи маҳкум ё озод шудани боздоштшуда чизе гуфта наметавонад. «Пеш аз ҳама бояд бигӯям, ки Содиқов шаҳрванди Тоҷикистон буда, парвандааш тибқи қонунгузории Тоҷикистон баррасӣ мешавад. Ҷаноби Содиқов бо чанде аз шахсони номақбул робита дошт. Хадамоти махсус дар бораи вохӯрии ӯ бо ин шахсон маълумот дастрас намуда, ӯро боздошт карданд», – иброз доштааст С.Аслов.
Қобили зикр аст, ки Александр Содиқов рӯзи 16-уми июн дар Хоруғ пас аз мулоқот бо раиси бахши Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар ВМКБ Алим Шерзамонов боздошт шуд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни вохӯрӣ дар Палатаи лордҳо ба суханонаш идома бахшида, зикр кардааст, ки ВМКБ дар марз бо Афғонистони ноором воқеъ аст ва марз ҳамагӣ дар 500 метр аз меҳмонхона (шояд меҳмонхонае, ки дар он Содиқов иқомат дошт) ҷойгир мебошад.
«Пӯшида нест, ки дар ин минтақа ҳодисаҳои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва хариду фурӯши одамон ба мушоҳида мерасанд. Аз ин рӯ, ин минтақа таҳти назорати қатъии баъзе муассисаҳо қарор дошта, хадамоти махсус фаъолияти шахсони мухолиф дар ин вилоятро назорат мекунанд. Ин шахсон ба рӯйдодҳои зӯроваронаи ахири Хоруғ ҷалб шуда буданд. То вохӯрӣ бо ин шахсон ҷаноби Содиқов мебоист аз ҳукуматдорон иҷозат мепурсид ва мо ҳатто ба таҳқиқоти ӯ кумак мекардем. Аммо мутаассифона, ӯ бидуни иҷозати ин мақомот ба вохӯрӣ рафта ва маҳз барои ҳамин боздошт шуд», – изҳор доштааст С.Аслов
Ҳамчунин Сироҷиддин Аслов изҳори умедворӣ намудааст, ки тафтиши ин ҳодиса ояндаи наздик ба итмом мерасад. «Ба хулосаи мусбат умедворам», – иброз доштааст ӯ.
Вазир таъкид доштааст, ки мақомоти амнияти Тоҷикистон дарк мекунанд, ки бо ин амали ҳабси олимони бегуноҳ метавонанд ба муҳити сармоягузории кишвар зиён оваранд.



