Язнаи молики мағозаи «Лимпопо»: Ваҳҳобова кишварро бидуни кумаки ман тарк кард

Олим Нурматов, язнаи молики мағоза барои кӯдакони «Липопо» дар шаҳри Душанбе Мавлуда Ваҳҳобова, ки ба ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон шудааст , гуфтаҳои ҷабрдидагон аз «фиребгариҳои Ваҳҳобова»-ро рад намуд. Ёдрас мекунем, ки ба идораи «Азия-Плюс» ҷабрдидагон аз молики мағоза Мавлуда Ваҳҳобова, сокинони шаҳр муроҷиат намуданд, ки ӯ ба боварии онҳо даромада, маблағи пулӣ гирифтааст ва сипас таҳдид […]

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои asia+



Олим Нурматов, язнаи молики мағоза барои кӯдакони «Липопо» дар шаҳри Душанбе Мавлуда Ваҳҳобова, ки

ба ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон шудааст

, гуфтаҳои ҷабрдидагон аз «фиребгариҳои Ваҳҳобова»-ро рад намуд.

Ёдрас мекунем, ки ба идораи «Азия-Плюс» ҷабрдидагон аз молики мағоза Мавлуда Ваҳҳобова, сокинони шаҳр муроҷиат намуданд, ки ӯ ба боварии онҳо даромада, маблағи пулӣ гирифтааст ва сипас таҳдид кардааст, ки онро барнамегардонад. Маблағи умумии бо роҳи фиреб азхудкардаи Ваҳҳобова 1 млн. 200 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки ӯ ин маблағро аз зиёда аз 30 нафар қарз гирифтааст ва ин танҳо нафароне мебошанд, ки аз Ваҳҳобова барои гирифтани қарз забонхат доранд. Дар ҳамин ҳол, ҷабрдидагон изҳор намуданд, ки язнаи Ваҳҳобова – Олим Нурматов ба гурехтани ӯ аз кишвар кумак кардааст.

Дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» Олим Нурматов язнаи Ваҳҳобов буданашро тасдиқ намуда, вале суханони 25 нафар ҷабрдидагонро рад намуд ва дар ин робита зикр кард, ки ӯ аз кай ва чӣ гуна қаламрави кишварро тарк кардани хешовандонаш ҳатто хабардор  ҳам набудааст.

Дар аризаи худ ҷабрдидагон зикр карда буданд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ айбдоршавандагонро ҳимояту тарафдорӣ мекунанд, зеро язнаи Ваҳҳобова М.А. – Нурматов Олим собиқ корманди милиса буда, зимни баҳсҳо оид ба ин қазия худро «полковники милиса» муаррифӣ мекардааст. «Маҳз ӯ фиребгаронро бидуни монеъа аз фурудгоҳ гузаронида, барои тарки қаламрави кишвар кумак кард», – қайд мешавад дар ариза.

Аммо худи Нурматов мегӯяд, ки ӯ барои кумак ба Ваҳҳобова ҷиҳати тарк кардани қаламрави кишвар ва он ҳам «бидуни монеъа» ҳеҷ имкону салоҳияте ҳам надорад.

«Ман бар ин назарам, ки қабл аз навиштани ин матлаб, ба ҷойи бовар кардан ба далелҳои беисботу беасос, мебоист камераҳои мушоҳидаи видеойии фурудгоҳро месанҷиданд, то ки бубинанд, ки ман Ваҳҳобоваро гусел кардаам ё на. Онҳо ин корро танҳо барои туҳмат ба ман, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муфтаттишон Алиев ва Шарипов роҳандозӣ карданд», – изҳор мекунад ӯ.

Дар муроҷиат ҷабрдидагон ҳамчунин қайд карда буданд, ки чандин маротиба ҷабрдидагон ба ҳолате дучор омадаанд, ки маълумоте, ки бояд танҳо дар ихтиёри муфаттиши ин парванда – Икром Алиев қарор дошта бошад, то ба Нурматов О. ва оилаи Ваҳҳобовҳои қаламрави кишварро тарккарда низ мерасидааст.

Ба ин гуфтаҳои ҷабрдидагон Нурматов посух дод, ки бо муфаттиш Алиев вонахӯрдаву суҳбате ҳам накардааст ва бо ҳеҷ масъалае ба ӯ муроҷиат низ накардааст. «Ҳамаи он чизе, ки дар муроҷиатнома дар бораи ман навишта шудааст, ТУҲМАТ мешуморам», – таъкид дошт номбурда.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.