Нахуствазир аз суръати сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон норозигӣ баён кард

Чанде қабл нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҷараёни сохтмони қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон аз самти Ёвон шинос шуда, аз суръати корҳои сохтмоон дар аксари қитъаҳо ва аз то ба ҳол таҳия нагардидани нақшаи тақвимии корҳо ва лоиҳаи харҷномаи умумии бунёди роҳ норозигӣ баён намуд. Тавре ба «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин […]



Чанде қабл нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҷараёни сохтмони қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон аз самти Ёвон шинос шуда, аз суръати корҳои сохтмоон дар аксари қитъаҳо ва аз то ба ҳол таҳия нагардидани нақшаи тақвимии корҳо ва лоиҳаи харҷномаи умумии бунёди роҳ норозигӣ баён намуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, ба нахуствазир маълумот додаанд, ки маблағгузории корҳои сохтмонӣ барои давраи муайян аз ҷониби фармоишгар пурра ба иҷро расида, вале дар ҷараёни азхудкунии он мушкилот вуҷуд дорад. Масофаи қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон беш аз 40 километрро ташкил медиҳад. Дар ин қитъа бунёди се нақб, панҷ пули бузург ва дигар иншоот ба нақша гирифта шудааст.

«Пас аз боздид аз иншоот Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сайёри ситоди ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Ёвон аз сафараш натиҷагирӣ карда, дар он оид ба ҳар моҳ баргузор намудани ҷаласаи сайёри ситоди ҷумҳуриявӣ дар макони корҳои сохтмон тасмим гирифта шуд», – зикр кард Муҳиддинов.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.