Анонс
– Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нишасти хабарии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» доир мегардад. Оғоз соати 10-00 дар бинои дафтари кории корхона;
– Зимни нишасти хабарии Бонки миллии Тоҷикистон дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ (ошёнаи 2-юм, МТС) аз фаъолияти Бонки марказӣ дар нимсолаи аввали соли равон натиҷагирӣ мешавад. Оғоз соати 10:00;
– Соати 09:00 ҳамчунин дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ (ошёнаи 2-юм, МТС) Фонди сармоягузории Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нишасти хабарӣ баргузор мекунад.
Қ
урби
асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1
доллари ИМА –
4.9527
сомонӣ;
1
евро –
6.6598
сомонӣ;
1
рубли русӣ
– 0.141
0
сомонӣ.
Як р
ӯ
зи таърих
1941
– Халабонони ҳавопаймоҳои қиркунандаи шӯравӣ дар ҳамдастӣ бо нерӯҳои зиддиҳавоӣ нахустин ҳуҷуми шадиди беш аз 250 ҳавопаймоҳои бомбафкани фашистӣ ба Маскавро муваффақона зада гардонида, 22 ҳавопаймои душманро нобуд карданд.
1989
— Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон қонун «Дар бораи забон»-ро қабул кард.
2002
– Дар Душанбе миёни ҳукумати ИМА ва Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи расонидани кӯмаки техникӣ дар таҳияи қонунгузорӣ оид ба маблағгузории хурд Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
2009
— Зимни суханронӣ дар маҷлис ба муносибати қабули қонун «Дар бораи забон» Эмомалӣ Раҳмон таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳот дар назди ҳукумати ҷумҳуриро пешниҳод намуд.
1935
– Зодрӯзи рассом Рашид Абдурашидов.
1938-2010
– Мавлуди оҳангсоз, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Фаттоҳ Одинаев.
1939
– Зодрӯзи Нависандаи халқии Тоҷикистон Темур Пӯлодов.
Вазъи обу
ҳ
аво
Дар вилояти Хатлон
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +38+43, дар доманакӯҳҳо шабона +14+19, рӯзона +31+36.
Дар вилояти Суғд
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +36+41, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +24+29.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +29+34.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +12+17, рӯзона +30+35; дар шарқи вилоят шабона +3+8, рӯзона +19+24.
Дар шаҳри Душанбе
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +37+39.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +39+41.
Дар шаҳри Хуҷанд
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +38+40.
Дар шаҳри Хоруғ
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +33+35.



