Ҳабси мудири яке кафедраҳои ДДХ барои ришваситонӣ

Ахири ҳафтаи равон кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар ришваситонӣ мудири кафедраи коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Олимҷон Тӯйчиеви 47-соларо дастгир намуданд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, муайян карда шудааст, ки дастгиршуда аз се нафар довталабон – сокинони шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои дохил намудани онҳо  ба коллеҷ 600 доллари […]



Ахири ҳафтаи равон кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар ришваситонӣ мудири кафедраи коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Олимҷон Тӯйчиеви 47-соларо дастгир намуданд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, муайян карда шудааст, ки дастгиршуда аз се нафар довталабон – сокинони шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои дохил намудани онҳо  ба коллеҷ 600 доллари ИМА-ро ҳамчун пора талаб намудааст.

«Шаҳрванд Олимҷон Тӯйчиев дар назди ҳавлии истиқоматиаш ҳангоми гирифтани маблағи пулӣ дастгир карда шуд», – омадааст дар хабари ВКД.

Гуфта мешавад, нисбати дастгиршуда бо моддаи 319 (Гирифтани пора)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.