Оғози ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии СҲШ дар Душанбе



Имрӯз дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба кор оғоз намуд, ки то рӯзи 29-уми июл идома меёбад.

Бино ба маълумоти торнамои scosummit2014.tj, ҷаласа таҳти раёсати Тоҷикистон доир гардида, дар ҷараёни кори он масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои СҲШ ва ҳамчунин дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти Созмон баррасӣ мешаванд.

Қобили зикр аст, ки ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ рӯзҳои 30-31-уми июл дар Душанбе ва ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ низ рӯзҳои 11-12-уми сентябр дар шаҳри Душанбе доир мегардад.

СҲШ созмони байнулмилалии минтақавӣ буда, соли 2001 аз ҷониби сарони кишварҳои Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таъсис дода шуд. Ба ҷуз Ӯзбекистон, кишварҳои дигар узви «Панҷгонаи Шанхай» мебошанд, ки дар асоси баимзорасии созишнома миёни панҷ кишвар солҳои 1996-1997дар бораи таҳкими эътимод дар бахши низомӣ ва коҳиши мутақобилаи Қувваҳои Мусаллаҳ дар минтақаи марзӣ таъсис дода шуда буд.

spot_imgspot_img

Популярное