Вохӯрии кормандони АНМН бо кӯдакон дар ВМКБ

Дар доираи чорабиниҳо оид ба пешгирии нашъамандӣ ва паҳншавии маводи нашъаовар кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар ВМКБ дар лагери истироҳат ва солимии «Шабдез»-и ноҳияи Роштқалъа бо кӯдакон мулоқот оростанд. Бино ба маълумоти маркази робита бо ҷомеаи Агентӣ, кормандон ба кӯдакон бо тарзи фаҳмову дастрас дар бораи таъсири манфӣ ва зараровари […]

ASIA-Plus



Дар доираи чорабиниҳо оид ба пешгирии нашъамандӣ ва паҳншавии маводи нашъаовар кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар ВМКБ дар лагери истироҳат ва солимии «Шабдез»-и ноҳияи Роштқалъа бо кӯдакон мулоқот оростанд.

Бино ба маълумоти маркази робита бо ҷомеаи Агентӣ, кормандон ба кӯдакон бо тарзи фаҳмову дастрас дар бораи таъсири манфӣ ва зараровари маводи нашъаовар ба ҷисми ҳанӯз комилан ташаккулнаёфтаи онҳо маълумоти муфассал доданд.

«Ҳадафи аслӣ аз баргузории чунин чорабиниҳо таблиғи тарзи ҳаёти солим, яъне ҳаёт бидуни маводи нашъаовар сарфи назар аз синнусол, ҳолати маънавӣ ва моддии шахс аст. Зимни мулоқот кӯдакон оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳашон оид ба ин мушкилот саволҳо дода, посухи қаноатбахш гирифтанд», – гуфтанд дар Агентӣ.

Зимнан зикр гардид, ки дар фарҷоми вохӯрӣ викторина баргузор шуда, ба иштирокчиёни фаъоли он туҳфаҳои хотиравии Агентӣ тақдим гардиданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.