Ғоиб: Низомхон Ҷӯраев дар Қирғизистон пайдо шуд

Пайрав Чоршанбиев



Зимни нишасти хабарии имрӯза директори Агентии назрати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ Абдуфаттоҳ Ғоиб ба журналистон изҳор кард, ки соҳибкори тоҷик, собиқ роҳбари корхонаи кимиёи шаҳри Исфара Низомхон Ҷӯраев тибқи маълумоти расида ба Агентӣ, дар қаламрави кишвари ҳамсояи Қирғизистон паноҳ мебарад.

Ба гуфтаи ӯ, ба мақомоти дахлдори Қирғизистон ҷиҳати истирдоди Ҷӯраев ба Тоҷикистон дархост ирсол гардида, вале алҳол ба он посух нагирифтаанд.

А.Ғоиб қайд кард, ки парвандаи Низомхон Ҷӯраев мебоист рӯзи 18-уми июн баррасӣ шавад, «аммо Ҷӯраев таври номаълум санаи 16-уми июн, баъди ба дасташ расидани даъватнома барои ҳозир шудан ба суд,

бедарак шуд

».

Роҳбари Агентии зиддифасод таъкид намуд, ки тафтиши парвандаи серҷилда нисбати Ҷӯраев моҳи майи соли гузашта ба итмом расида буд. «Баъди ин ӯ муддати як сол бо маводи парвандаи худ шинос шуд, ки 152 ҷилдро ташкил медиҳад. Давоми ин муддат ӯ бе каму кост ба Агентӣ омада, бо маводи парвандаи ошно мегардид», – иброз дошт ӯ.

А.Ғоиб ҳамчунин зикр кард, ки муддати тамоми ин вақт Ҷӯраев таҳти забонхати тарк накардани маҳалли зист дар озодӣ қарор дошт. «Мутобиқи қонунгузории мо, шахс наметавонад муддати беш аз 18 моҳ дар ҳабси пешакӣ қарор дошта бошад. Ин муҳлатро Ҷӯраев то истирдод ба Душанбе дар зиндони шаҳри Маскав адо карда буд», – афзуд ӯ.

Қобили зикр аст, ки санаи 23-юми июни соли равон Суди олии Тоҷикистон таъинот содир намуд, ки мутобиқи он, Низомхон Ҷӯраев

мавриди ҷустуҷӯ

эълон шуд.

Ёдрас мекунем, ки Низомхон Ҷӯраев соли 2007 баъди нисбаташ оғоз гардидани якчанд парванда оид ба ҷиноятҳои иқтисодӣ пинҳон шуд. Моҳи августи соли 2010 ӯ дар шаҳри Маскав бо дархости Тоҷикистон дар бораи истирдод боздошт гардид, аммо ҳимоягарони ӯ ба Суди Аврпупо муроҷиат карда, ин суд минбаъд ба Русия истирдоди Ҷӯраев ба Тоҷикистонро манъ намуд.

Моҳи марти соли 2012 ӯ аз тавқифгоҳи муваққатии вилояти Маскав озод шуда, аввали моҳи апрел дар Тоҷикистон пайдо шуд. То пайдо шудан дар Душанбе ӯ аз рӯи якчанд модда, аз ҷумла дуздии воситаҳои давлатӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд ва ташкили гурӯҳи ҷиноятпеша айбдор карда мешуд. Баъдтар роҳбари Агентии зиддифасоди Тоҷикистон Фаттоҳ Саидов изҳор кард, ки ба Ҷӯраев дар содир шудани ҷиноятҳои иқтисодӣ айбнома пешниҳод шудааст.

Санаи 7-уми апрели соли 2012 дар шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо» суханронии Ҷӯраев ба намоиш гузошта шуд. Дар суханронии худ Ҷӯраев гуфт, ба хотири модари 79-солааш ихтиёрӣ ба ватан баргаштааст. Ӯ иброз дошт, ки дар ватан будан беҳтар аст. Бо шарти тарк накардани маҳалли сукунат, Агентии зиддифасод то анҷоми мурофиаи судӣ оид ба ин парванда ӯро озод карда буд.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...