Баррасии масъалаи дастрасӣ ба маълумот дар сохтори ислоҳии Тоҷикистон

ASIA-Plus



Дар кори мизи гирди имрӯза дар Душанбе масъалаи дастрасӣ ба маълумот дар сохтори ислоҳии Тоҷикистон баррасӣ мешавад.

Бино ба маълумоти намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, мақсади асосии чорабинии мазкур муаррифии натиҷаҳои аввалини таҳқиқот доир ба «Дастрасӣ ба таҳсилот ва мавҷудияти имконияти таълими маҳкумшудагони калонсол дар системаи иҷрои ҷазои ҷиноӣ (ИҶҶ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба аҳли ҷомеа буда, таҳқиқоти мазкур суоли мавҷуд будани таълимот, сифат ва дастрасии он дар системаи ислоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони муосирро дар худ ҷо кардааст.

«Таълимоти маҳкумшудагон бояд ба он равона шуда бошад, ки баъд аз ҷойҳои маҳрумият озод гашта онҳо ҳамчун шаҳрванди солим ва дорои маълумоту малакаи корӣ дар ҷомеаи муосир зиндагӣ карда тавонанд, – омадааст дар маълуомти намояндагӣ. — Вазифаи таҳқиқоти мазкур аз омӯзиши заминаҳои мавҷудаи меъёриву ҳуқуқӣ, ҳамчунин таҷрибаи дар амал татбиқнамоии онҳо доир ба ҳуқуқи маҳкумшудагон ба таҳсилот, дастрасӣ ва мавҷудияти он дар системаи ИҶҶ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст».

Дар ҷараёни кори мизи гирд ҳамчунин баррасии масоили самтҳои муҳимтарини такмили қонунгузорӣ дар бахши иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва мувофиқи имкон ҳарчи наздиктар кардани он ба меъёр ва таҷрибаҳои эъттрофшудаи байнулмилалӣ, такмили фаъолияти мақомоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ бо мақсади таҷдиди низоми таълими маҳкумшудагон тариқи ҳамкорӣ бо муассисаҳои ислоҳии кишварҳои хориҷӣ, олимон ва коршиносон ва фароҳам овардани шароит барои таъмини кафолати ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони дар муассисаҳои ислоҳӣ қарордошта дар назар аст.

Гуфта мешавад, дар кори мизи гирд намояндагони сохторҳои давлатӣ, созмонҳои байнулмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ВАО ва доираҳои илмии Тоҷикистон ва ҳамчунин Ваколатдор оид ба ҳуқуқи иносни ҶТ ва коршиносони мустақил дар соҳаи баробарҳуқуқии занону мардон ширкат меварзанд.

Мизи мудаввар дар доираи лоиҳаи «Ҳуқуқҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон» гузаронда мешавад, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федеролии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон маблағгузорӣ шуда, аз тарафи Намояндагии Институти ҳамкории байналмилалии Ассотсиатсияи донишгоҳҳои мардумии Олмон (DVV International) дар Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...