Мурофиаи судии раиси хоҷагии «Ҳакимҷон» дар гарнизони ҳарбии Хатлон

Сайраҳмон Назриев



Суди гарнизони ҳарбии Хатлон ба баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати раиси хоҷагии деҳқонии «Ҳакимчон» -и ноҳияи Шаҳритӯс Давлатёр Ҳалимов, бародари собиқ қумондони нерӯҳои мухолифини тоҷик Алӣ Ҳалимов оғоз кард.

Бино ба гуфти раисикунандаи мурофиа, судяи суди ҳарбии гарнизони Хатлон Мирмахсумиён Исмоил Муродбек, Д. Ҳалимов  бо се модда – 335 қисми 2, 289 қисми 2 ва 200 қисми 4 Кодекси ҷиноятии ҶТ айбдор дониста мешавад.

Аз маводҳои парванда бармеояд, ки Ҳалимов бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванди Афғонистон бо номи Ҷобир интиқоли 50 кг маводи мухадирро аз қаламрави Афғонистон тариқи сарҳадии давлати ба Тоҷикистон дар мавзеи ноҳияи Шаҳритӯс ташкил кардааст.

Ҳамчунин дар курсии айбдорӣ Зокирҷон Назаров, капитани Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ, хизматчии қисми ҳарбии 2720 Сарраёсати Қушуҳои сарҳадии ҚДАМ, воқеъ дар ноҳияи Шаҳритус нишастааст.

Аз маводи парвандаи ҷиноӣ бармеояд, ки З.Назаров ба ин гурӯҳ шомил буда, рӯзи 10 май хостааст маводи мухаддирро аз минтақаи сарҳадӣ берун барад, ки дар ин ҳолат боздошт шудааст.

Қобили зикр аст, ки Давлатёр Ҳалимов  қаблан бо моддаи 200- КҶ ҶТ маҳкум гардида, мурофиа дар суди гарнизони ҳарбии Хатлон идома дорад.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии “Financial Times” гуфтааст, ки қасд дорад “нафти Эронро дар ихтиёр гирад” ва мумкин аст ҷазираи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.