Мурофиаи судии раиси хоҷагии «Ҳакимҷон» дар гарнизони ҳарбии Хатлон

Суди гарнизони ҳарбии Хатлон ба баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати раиси хоҷагии деҳқонии «Ҳакимчон» -и ноҳияи Шаҳритӯс Давлатёр Ҳалимов, бародари собиқ қумондони нерӯҳои мухолифини тоҷик Алӣ Ҳалимов оғоз кард. Бино ба гуфти раисикунандаи мурофиа, судяи суди ҳарбии гарнизони Хатлон Мирмахсумиён Исмоил Муродбек, Д. Ҳалимов  бо се модда – 335 қисми 2, 289 қисми 2 ва 200 […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+



Суди гарнизони ҳарбии Хатлон ба баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати раиси хоҷагии деҳқонии «Ҳакимчон» -и ноҳияи Шаҳритӯс Давлатёр Ҳалимов, бародари собиқ қумондони нерӯҳои мухолифини тоҷик Алӣ Ҳалимов оғоз кард.

Бино ба гуфти раисикунандаи мурофиа, судяи суди ҳарбии гарнизони Хатлон Мирмахсумиён Исмоил Муродбек, Д. Ҳалимов  бо се модда – 335 қисми 2, 289 қисми 2 ва 200 қисми 4 Кодекси ҷиноятии ҶТ айбдор дониста мешавад.

Аз маводҳои парванда бармеояд, ки Ҳалимов бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванди Афғонистон бо номи Ҷобир интиқоли 50 кг маводи мухадирро аз қаламрави Афғонистон тариқи сарҳадии давлати ба Тоҷикистон дар мавзеи ноҳияи Шаҳритӯс ташкил кардааст.

Ҳамчунин дар курсии айбдорӣ Зокирҷон Назаров, капитани Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ, хизматчии қисми ҳарбии 2720 Сарраёсати Қушуҳои сарҳадии ҚДАМ, воқеъ дар ноҳияи Шаҳритус нишастааст.

Аз маводи парвандаи ҷиноӣ бармеояд, ки З.Назаров ба ин гурӯҳ шомил буда, рӯзи 10 май хостааст маводи мухаддирро аз минтақаи сарҳадӣ берун барад, ки дар ин ҳолат боздошт шудааст.

Қобили зикр аст, ки Давлатёр Ҳалимов  қаблан бо моддаи 200- КҶ ҶТ маҳкум гардида, мурофиа дар суди гарнизони ҳарбии Хатлон идома дорад.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.