Ба ВКД Қирғизистон дархости боздошт ва истирдоди Ҷӯраев нарасидааст



– Ба Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон мактуби расмии мақомоти Тоҷикистон дар бораи боздошт ва истирдоди шаҳрванди Тоҷикистон Низомхон Ҷӯраев ворид нашудааст, – иттилоъ дод ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии ВКД Қирғизистон Жоробой Абдураҳимов.

«Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Қирғизистон оид ба боздошт ва истирдоди Низомхон Ҷӯраев ҳеҷ мактуби расмие нагирифтааст», – иброз дошт ӯ ва илова намуд, ки бо расидани чунин дархости расмӣ, раёсати мазкур «ба ҷустуҷӯ ва боздошти Ҷӯраев» оғоз мекунад. Абдураҳимов ҳамчунин зикр кард, ки дар бораи ба Қирғизистон омадан ё дар қаламрави ин кишвар ҳузур доштани Ҷӯраев маълумоте дар даст надоранд.

Чанд рӯз қабл зимни нишасти хабарӣ директори Агентии назрати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ Абдуфаттоҳ Ғоиб ба журналистон изҳор кард, ки соҳибкори тоҷик, собиқ роҳбари корхонаи кимиёи шаҳри Исфара Низомхон Ҷӯраев тибқи маълумоти расида ба Агентӣ, дар қаламрави кишвари ҳамсояи Қирғизистон

паноҳ мебарад.

Ӯ қайд карда буд, ки ба мақомоти дахлдори Қирғизистон ҷиҳати истирдоди Ҷӯраев ба Тоҷикистон дархост ирсол гардида, вале алҳол ба он посух нагирифтаанд. «Парвандаи Низомхон Ҷӯраев мебоист рӯзи 18-уми июн баррасӣ шавад, «аммо Ҷӯраев таври номаълум санаи 16-уми июн, баъди ба дасташ расидани даъватнома барои ҳозир шудан ба суд, 

бедарак шуд

»», – иброз дошта буд ӯ.

Қобили зикр аст, ки санаи 23-юми июни соли равон Суди олии Тоҷикистон таъинот содир намуд, ки мутобиқи он, Низомхон Ҷӯраев 

мавриди ҷустуҷӯ

 эълон шуд.

Ёдрас мекунем, ки Низомхон Ҷӯраев соли 2007 баъди нисбаташ оғоз гардидани якчанд парванда оид ба ҷиноятҳои иқтисодӣ пинҳон шуд. Моҳи августи соли 2010 ӯ дар шаҳри Маскав бо дархости Тоҷикистон дар бораи истирдод боздошт гардид, аммо ҳимоягарони ӯ ба Суди Аврпупо муроҷиат карда, ин суд минбаъд ба Русия истирдоди Ҷӯраев ба Тоҷикистонро манъ намуд.

Моҳи марти соли 2012 ӯ аз тавқифгоҳи муваққатии вилояти Маскав озод шуда, аввали моҳи апрел дар Тоҷикистон пайдо шуд. То пайдо шудан дар Душанбе ӯ аз рӯи якчанд модда, аз ҷумла дуздии воситаҳои давлатӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд ва ташкили гурӯҳи ҷиноятпеша айбдор карда мешуд. Баъдтар роҳбари Агентии зиддифасоди Тоҷикистон Фаттоҳ Саидов изҳор кард, ки ба Ҷӯраев дар содир шудани ҷиноятҳои иқтисодӣ айбнома пешниҳод шудааст.

Санаи 7-уми апрели соли 2012 дар шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо» суханронии Ҷӯраев ба намоиш гузошта шуд. Дар суханронии худ Ҷӯраев гуфт, ба хотири модари 79-солааш ихтиёрӣ ба ватан баргаштааст. Ӯ иброз дошт, ки дар ватан будан беҳтар аст. Бо шарти тарк накардани маҳалли сукунат, Агентии зиддифасод то анҷоми мурофиаи судӣ оид ба ин парванда ӯро озод карда буд.

spot_imgspot_img

Популярное