Ҷамъоварии беш аз 620 ҳазор тонна ҳосили зироати ғалладона

То аввали ҳамин ҳафта ғаллакорони Тоҷикистон беш аз 620 ҳазор тонна ҳосили зироати ғалладона ҷамъоварӣ намуданд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҶТ хабар доданд, имсол дар кишвар ба сурати умум дар майдони 292 ҳазору 822  гектар зироати ғалладона кишт шудааст. Ба иттилои манбаъ, то аввали ҳафтаи равон ҳосили зироати ғалладона аз майдони зиёда аз […]



То аввали ҳамин ҳафта ғаллакорони Тоҷикистон беш аз 620 ҳазор тонна

ҳосили зироати ғалладона

ҷамъоварӣ намуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҶТ хабар доданд, имсол дар кишвар ба сурати умум дар майдони 292 ҳазору 822  гектар зироати ғалладона кишт шудааст.

Ба иттилои манбаъ, то аввали ҳафтаи равон ҳосили зироати ғалладона аз майдони зиёда аз 225 ҳазор гектар (77%) ҷамъоварӣ гардидааст, ки ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар қариб 29 сентнерро ташкил медиҳад. «Айни замон ба ҷамъоварии ҳосили зироати ғалладона 227 адад мобайн сафарбар шудааст», – гуфтанд дар вазорат.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта зироати ғалладона дар Тоҷикистон дар майдони 315,4 ҳазор гектар кишт шуда, 891,5 ҳазор тонна ҳосил ба даст оварда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.