Муллоҷонов: То замони ҳузури пойгоҳи 201 Ӯзбекистон бо ҶТ ба ҷанг намепардозад



Сиёсатшиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов мутмаин аст, ки Ӯзбекистон нисбати Тоҷикистон аз ҳеҷ фишоре кор намегирад.

Дар шарҳи

изҳороти «академик»-и ӯзбек

оид ба даъват аз ҳукуматаш бобати бомбаборон кардани нерӯгоҳи Роғун ва зарба ба артиши тоҷик, Мулллоҷонов қайд кард, ки амали аз ҳама зиёде, ки дар ин росто Ӯзбекистон пеш гирифта метавонад, ин боз ҳам бастани роҳҳо хоҳад буд.

«То замоне, ки пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар қаламрави Тоҷикистон ҳузур дорад, дар самти низомӣ Ӯзбекистон ба мо фишор оварда наметавонад ва чизе, ки айни замон ӯзбекон мегӯянд, ҳеҷ чизи наве нест», – мутмаин аст Муллоҷонов.

Ӯ бар ин назар аст, ки бо талаби Ӯзбекистон Бонки ҷаҳонӣ ташхиси такрории лоиҳаи нерӯгоҳи Роғунро баргузор нахоҳад кард. «Ягона мушкиле, ки изҳороти Ӯзбекистон дар пай дошта метавонад, ҷараёни дарёфти маблағгузорӣ барои сохтмони нерӯгоҳ буда метавонад, – мегӯяд сиёсатшинос. – Сармоягузор хоҳ нохоҳ мавқеи Тошкандро ба инобат мегирад. Тоҷикистон яккаву танҳо дар ин самт кори зиёде аз дасташ намеояд. Дар ҷустуҷӯи маблағгузорӣ корҳо бештар самаранок мешуданд».

Лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҳанӯз замони Иттиҳоди Шӯравӣ, солҳои 50-60-уми асри гузашта дар доираи нақшаи рушди минтақаи Осиёи Марказӣ таҳия гардида буд. Имрӯз ин минтақа ба як қатор кишварҳи соҳибистиқлол тақсим шудааст.

Моҳи июни соли равон Бонки ҷаҳонӣ гузориши пешакии арзёбии таъсири иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва таҳқиқоти арзёбии фанниву иқтисодии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғунро интишор намуд.

Аммо Ӯзбекистон ба ҳеҷ ваҷҳ бо ин хулосаҳои коршиносон розӣ шуданӣ нест. Дар вохӯрии ахири намояндагони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ оид ба баррасии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар Алмаато муовини аввали нахуствазири Ӯзбекистон Рустам Азимов

дар ин робита изҳор кард

, ки Ӯзбекистон ҳеҷ гоҳ ва дар ягон ҳолате амалишавии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғунро дастгирӣ намекунад.

Дар ҳамин ҳол, нимсолаи аввали соли 2014 дар корҳои идомаи сохтмон ва барқароркунии нерӯгоҳи Роғун ҳудуди 340 млн. сомонӣ (тақрибан 68 млн. доллари ИМА)

маблағҳо азхуд шудаанд

, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта қариб 2,1 баробар зиёдтар аст.

spot_imgspot_img

Популярное