Б.Сироҷев: Ӯзбекистон аз рақобат бо Тоҷикистон дар бозори фурӯши барқ меҳаросад

Баҳром Сироҷев, коршиноси масоли энергетика ва собиқ раиси ширкати «Барқи тоҷик» дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки тамоми мушкилоти муносибатҳо бо Ӯзбекистон дар он ифода меёбад, ки дар оянда Тоҷикистон метавонад бозори фурӯши нерӯи барқро аз онҳо бигирад. «Пас аз сохтмони нерӯгоҳи Роғун мо дар масъалаи нерӯи барқ метавонем ба таври қобили мулоҳиза бо […]

Меҳрангез Турсунзода



Баҳром Сироҷев, коршиноси масоли энергетика ва собиқ раиси ширкати «Барқи тоҷик» дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки тамоми мушкилоти муносибатҳо бо Ӯзбекистон дар он ифода меёбад, ки дар оянда Тоҷикистон метавонад бозори фурӯши нерӯи барқро аз онҳо бигирад.


«Пас аз сохтмони нерӯгоҳи Роғун мо дар масъалаи нерӯи барқ метавонем ба таври қобили мулоҳиза бо Ӯзбекистон рақобат дошта бошем», – зикр кард Б.Сироҷев.

«Онҳо мухолифи амалисозии лоиҳаи сохтмони хатти интиқоли барқи CASA-1000 мебошанд, лекин охир он маҷрои обро тағйир намедиҳад ва ё ҳаҷми ҷоришавии он ба кишварашонро коҳиш намедиҳад. Сарфи назар аз ин, онҳо боз ҳам муқобили сохтмони ин шабакаанд. Чаро? Барои он ки баъди анҷоми сохтмони ин шабака нерӯи барқи онҳо дар муқоиса бо нерӯи барқи Тоҷикистон ба касе лозим намешавад. Покистону Афғонистон бозорҳои бузурги фурӯши барқ мебошанд ва эътирози онҳо маҳз ба ҳамин масъала бастагӣ дорад», – таъкид намуд Сироҷев.

Ӯ ҳамчунин

изҳороти

муовини аввали нахуствазири Ӯзбекистон Рустам Азимов дар бораи аз ҷониби Ӯзбекистон ҳеҷ гоҳ дастгирӣ нашудани лоиҳаи идомаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун»ро низ шарҳ дод.

«Ин изҳорот аз ҷониби Ӯзбекистон гувоҳи он аст, ки онҳо боре ҳам дар машваратҳои техникӣ ҳузур надоштаанд. Онҳо танҳо ба вохӯрии панҷум омада, ҳеҷ чизеро эътироф намекунанд. Ин қобили қабул набуда, изҳороти ҳирфаӣ ҳам нест. Онҳо аз чӣ гуна баргузор шудани таҳқиқот давоми чор сол огаҳӣ надоранд. Таҳқиқотро 70 мутахассиси хориҷӣ анҷом доданд ва онҳо хешон ё дӯстони мо нестанд», – гуфт Сироҷев, вале аз шарҳи

андешаҳои

академики ӯзбек Рустамҷон Абдуллоев оид ба бомбаборон кардани нерӯгоҳи Роғун худдорӣ варзид.

Академики Академияҳои муҳандисии Тоҷикистон ва байнулмилалӣ, номзади илмҳои техникӣ Баҳром Сироҷев қаблан низ дар бораи самтҳои афзхалиятноки рушди бахши энергетикаи Тоҷикистон ибрози андеша карда буд. Аввали сол

дар мусоҳиба

ба «Азия-Плюс» ӯ зикр карда буд, ки нерӯгоҳи Роғун барои тамоми кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти бузург дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.