Котиби ҲКТ: «Академик» Абдуллоев душмани тамоми инсоният аст

– Даъвати «академик» аз Ӯзбекистон Рустамҷон Абдуллоев оид ба бомбаборон кардани нерӯгоҳи Роғун ва дахолати низомии кишвари ҳамсоя ба умури дохилии Тоҷикистон собит месозад, ки ӯ ба шахси солимақл монанд нест ва натанҳо душмани тоҷикону ӯзбекон, балки тамоми инсоният аст, зеро шахси солимақл ҳеҷ гоҳ ба ҷангу харобиҳо даъват намекунад, – изҳор дошт ба «Азия-Плюс» […]



– Даъвати «академик» аз Ӯзбекистон Рустамҷон Абдуллоев оид ба

бомбаборон кардани нерӯгоҳи Роғун

ва дахолати низомии кишвари ҳамсоя ба умури дохилии Тоҷикистон собит месозад, ки ӯ ба шахси солимақл монанд нест ва натанҳо душмани тоҷикону ӯзбекон, балки тамоми инсоният аст, зеро шахси солимақл ҳеҷ гоҳ ба ҷангу харобиҳо даъват намекунад, – изҳор дошт ба «Азия-Плюс» вакили палатаи поёнии парлумони кишвар, котиби Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) Исмоил Талбаков.

Дар идома ӯ таъкид намуд, ки амалҳои низомии аз ҷониби Абдуллоев пешниҳодшуда алайҳи Тоҷикистон натанҳо ба мардуми Тоҷикистон, балки ба марлдуми Ӯзбекистон ҳам талафоту харобиҳо ба бор меоваранд.

«Ман ба пирӯзии ақлу хирад дар баҳси ду кишвари ҳамсоя бовар дорам, вале муаллифони ин андешаҳои беақлона ба мисли Абдуллоев бояд бидонанд, ки иқтидори имрӯзаи артиши тоҷик барои пешгирии даъватҳои ҷангҷӯёнаи тамоми душманони кишвари мо кофӣ аст», – гуфт сиёсатмадор.

Ба қавли ӯ, лоиҳаи сирф иқтисодии нерӯгоҳи Роғунро, ки нафъовар буданаш барои тамоми кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро тамоми коршиносони варзида собит сохтанд, бо талошҳои нафароне чун Абдуллоев баъзе гурӯҳҳо ба мазҳака табдил доданианд.

«Тоҷикон масале доранд: «Шаҳр бе дарвоза нест». Умедворам, ки дар забони ӯзбекӣ ҳам ба ин маънӣ масал мавҷуд аст ва шахсоне ба мисли Абдуллоев дар ниҳояти кор бояд дарк бикунанд, ки онҳо соҳибони ин ҷаҳон нестанд», – афзуд Талбаков.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.