Академики ӯзбек ба бомбаборон кардани Роғун даъват мекунад

Доктори улуми иқтисод, академик аз Ӯзбекистон Рустамҷон Абдуллоев дар мақолаи интишоргардидаааш дар торнамои Centrasia.ru  аз ҳукумати кишвараш даъват кардааст, ки ба ҳамсоякишвари Тоҷикистон ултиматум гузорад: «Ё ба сохтмони сарбанди худ хотима бахшед ё мо маҷбурем, ки чораҳои қатъӣ биандешем!». Дар идомаи мавод академик менависад, ки агар ультиматум бидуни посух монад, «пас Ӯзбекистонро лозим аст, ки […]

ASIA-Plus



Доктори улуми иқтисод, академик аз Ӯзбекистон Рустамҷон Абдуллоев дар

мақолаи

интишоргардидаааш дар торнамои Centrasia.ru  аз ҳукумати кишвараш даъват кардааст, ки ба ҳамсоякишвари Тоҷикистон ултиматум гузорад: «Ё ба сохтмони сарбанди худ хотима бахшед ё мо маҷбурем, ки чораҳои қатъӣ биандешем!».

Дар идомаи мавод академик менависад, ки агар ультиматум бидуни посух монад, «пас Ӯзбекистонро лозим аст, ки ба дараи Роғун ҳавопаймоҳои сершумори бомбафкани худро саафарбар намуда, сарбандро мавриди бомбаандозӣ бо бомбҳои муосир қарор бидиҳад». Дар баробари ин ӯ ҳамчунин пешниҳод мекунад, ки ба артиши Тоҷикистон аз вилояти Сурхондарё бо самти Турсунзода – Ҳисор – Душанбе зарбаи огоҳкунанда расонида шавад.

Ба андешаи ӯ, Ӯзбекистон комилан муътақид аст, ки интихоби «мушовирон» ва «коршиносон» барои ташхиси лоиҳаи нерӯгоҳи Роғун, ки муддати чор соли ахир Бонки ҷаҳонӣ доир намуд, бо дар мавридҳои сершумор риоя нашудани меъёрҳои байнулмилалӣ сурат гирифт.

«Далели ниҳоят ҳавасмандии «коршиносон» ҳадди ақал бо он тасдиқ мегардад, ки пардохти маблағи хизматгузории онҳоро худи ҳукумати Тоҷикистон, яъне тарафи ниҳоят манфиатдор анҷом медод», – қайд мекунад Абдуллоев.

Дар мақола ба ташхис ҷалб нагардидани мутахассисону ӯзбеку амрикоӣ зикр шуда, гуфта мешавад, «чун ҳукумати Тоҷикистон ҳамасола ба сохтмони ин сарбанд беш аз 300 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ мекунаду ин ҳам дар ҳоли таҳти пӯшиши Бонки ҷаҳонӣ қарор доштан, мо ба гумонбар шудан ба ҷой доштани баъзе найрангҳои пинҳонӣ дар ҳамаи ин ҳуқуқ дорем».

Академики ӯзбек ҳамчунин ба раҳбарияти кишвараш машварат медиҳад, ки муҳоҷирони кориро аз хориҷи кишвар ба ватан даъват кунад, зеро «танҳо бо бомбаборон кардан ин сарбанди бузург хароб намегардад ва маҳз дар ҳамин ҷо дастони пурқуввати муҳоҷирон заруранд».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.