Гумонбарии корманди хадамоти зиддиинҳисории Суғд ба порагирӣ

Корманди Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ш.М. ба порагирӣ гумонбар дониста мешавад. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррпусияи ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, корманди хадамоти зиддиинҳисории вилоят барои тартиб надодани санади қонуншикании маъмурӣ аз шаҳрванд А.К. ба сифати пора 1500 сомонӣ маблағ талаб […]



Корманди Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ш.М. ба порагирӣ гумонбар дониста мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррпусияи ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, корманди хадамоти зиддиинҳисории вилоят барои тартиб надодани санади қонуншикании маъмурӣ аз шаҳрванд А.К. ба сифати пора 1500 сомонӣ маблағ талаб кардааст.

Ба иттилои манбаъ, корманди хадамот аввал аз ин шаҳрванд 600 сомонӣ маблағ гирифта, ҳангоми гирифтани боз 600 сомонии дигар бо далели шайъӣ боздошт шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки нисбати боздоштшуда мутобиқи моддаи 319, қ. 1-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор шахсан ё ба воситаи миёнарав) парвандаи ҷиноӣ боз ва тафтиши пешакӣ идома дорад.

Бино ба маълумоти Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Суғд, нимсолаи аввали соли равон дар қаламрави минтақаи шимоли кишвар 19 далели гирифтани пора аз ҷониби шахсони мансабдор (ҳамин давраи соли гузашта – 22 далел) ба қайд гирифта шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.