Кормандони Шуъбаи ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб рӯзи 3-юми август ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии моддаҳои сахттаъсир ё заҳролуд сокини 21-солаи шаҳр Абдусаттор Мирзоевро дастгир намуданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, зимни кофтукови шахсӣ аз дасти ӯ дар селофани полиэтиленӣ 17-адад қутичаҳои оҳанин, ки дар дохилашон 3-килою 757-грамм симобит, ки ба металли “ртут” мансуб мебошад, дарёфт ва мусодира гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, худи ҳамон рӯз кормандони милисаи шаҳри Хуҷанд сокини 36-солаи шаҳр Руслан Яшенкоро, ки қаблан барои нигаҳдории ғайриқонунии аслиҳаи оташфишон маҳкум шудааст, ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт намудаанд.
Гуфта мешавад, дар вақти кофтукови шахсӣ аз борхалтаи ӯ 6-килою 910-грамм маводи нашъадори “ҳашиш” дарёфт ва мусодира гардидааст.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.



