Мусодираи симоб дар Кӯлоб ва ҳашиш дар Хуҷанд

Кормандони Шуъбаи ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб рӯзи 3-юми август ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии моддаҳои сахттаъсир ё заҳролуд сокини 21-солаи шаҳр Абдусаттор Мирзоевро дастгир намуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, зимни кофтукови шахсӣ аз дасти ӯ дар селофани полиэтиленӣ 17-адад қутичаҳои оҳанин, ки дар дохилашон 3-килою  757-грамм симобит, ки ба […]

ASIA-Plus



Кормандони Шуъбаи ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб рӯзи 3-юми август ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии моддаҳои сахттаъсир ё заҳролуд сокини 21-солаи шаҳр Абдусаттор Мирзоевро дастгир намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, зимни кофтукови шахсӣ аз дасти ӯ дар селофани полиэтиленӣ 17-адад қутичаҳои оҳанин, ки дар дохилашон 3-килою  757-грамм симобит, ки ба металли “ртут” мансуб мебошад, дарёфт ва мусодира гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, худи ҳамон рӯз кормандони милисаи шаҳри Хуҷанд сокини 36-солаи шаҳр Руслан Яшенкоро, ки қаблан барои нигаҳдории ғайриқонунии аслиҳаи оташфишон маҳкум шудааст,  ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт намудаанд.

Гуфта мешавад, дар вақти кофтукови шахсӣ аз борхалтаи ӯ 6-килою 910-грамм маводи нашъадори “ҳашиш” дарёфт ва мусодира гардидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.