Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ генерал-лейтенанти милиса Рамазон Раҳимзода ҷараёни тафтиши
қатли ду сокини шаҳри Хоруғ
Сайёд Охонқадамов ва Далер Хушдиловро шахсан зери назорат гирифт.
Ҷасадҳои онҳо бо ҷароҳатҳо аз тири силоҳи оташфишон дар мавзеи Наводаки наздик ба шаҳри Хоруғ дар дохили автомашинаи сиёҳшишаи тамғаи «Мерседес бенс-600» дарёфт шуда буданд.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, бо супориши вазири корҳои дохилӣ ба ҷойи ҳодиса ва барои бурдани корҳои тафтишотӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мутахассисони Раёсати экспертӣ-криминалистӣ ва тафтишотии Вазорати корҳои дохилӣ фиристода шудаанд.
Гуфта мешавад, ба ҷойи ҳодиса муовини вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов, прокурори ВМКБ мушовири адлияи дараҷаи 1 Муҳаммад Арбобов, иҷрокунандаи вазифаи сардори ШВКД дар шаҳри Хоруғ Қиёмиддин Низомиддинов ва дигар мутахассисони РВКД дар ВМКБ рафта, ҷойи ҳодисаро аз назар гузаронидаанд.



