Шабдолов: Ифтитоҳи саҳифаи ман дар Фейсбук сохтакорӣ ва иғвоангезӣ аст

Саҳифаи раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук, ки чанд рӯз қабл ифтитоҳ гардид, сохтакорӣ аст. Шодӣ Шабдолов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ин амали шахсони номаълумро метавон иғвогарӣ ном бурд. Раиси ҲКТ, вакили палатаи поёнии парлумони кишвар дар ифтитоҳи саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоӣ ҳеҷ заруратеро намебинад. «Ман […]



Саҳифаи раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук, ки чанд рӯз қабл ифтитоҳ гардид, сохтакорӣ аст. Шодӣ Шабдолов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ин амали шахсони номаълумро метавон иғвогарӣ ном бурд.

Раиси ҲКТ, вакили палатаи поёнии парлумони кишвар дар ифтитоҳи саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоӣ ҳеҷ заруратеро намебинад. «Ман худро сиёсатмадори ба ҳама дастрас шуморида, ҳамеша тариқи ВАО андешаи худро оид ба ин ё он рӯйдоди дохил ва хориҷи кишвар баён мекунам ва ҳеҷ гоҳ аз суҳбат бо рӯзноманигорон рӯ наметобам, аз ин рӯ, ман ба ифтитоҳи саҳифаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ зарурате надорам», – иброз дошт ӯ.

Дар идома ӯ таъкид намуд, ки дар ин саҳифаи аз ҷониби бархе дар шабакаи Фейсбук аз номи ӯ бозгардида дар борааш маълумоти нодуруст дарҷ ёфтааст. «Масалан, ман хатмкардаи Донишкадаи политехникии Тоҷикистон мебошам, на Донишоҳи давлатии Тоҷикистон, ки дар он ҷо чунин оварда шудааст. Ғайр аз ин, баъдан дар ин саҳифа аз номи ман изҳороту андешаҳои номақбулу беҳунаронае пайдо шуданд, ҳатто аз номи ман писари маро ба дӯст шудан даъват карданд», – изҳор кард сиёсатмадор.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.