Олими ӯзбеки хостори бомбаборони Роғун кист?

Бархе аз тоҷикистониён, ки аз даъвати академики ӯзбек оид ба бомбаборони нерӯгоҳи Роғун дар ҳайрат шуданд, ба мавҷудияту ҳастии чунин олим бовар надоранд. Дар ҳамин ҳол, воқеъан ҳам доктори улуми иқтисодӣ, академик Рустамҷон Абдуллоев дар доираҳои муайяни минтақаи Осиёи Марказӣ маъруфият касб кардааст, вале маъруфияти ӯ на дар таҳқиқоташ дар бахши иқтисод, балки дар мадҳу […]

Пайрав Чоршанбиев



Бархе аз тоҷикистониён, ки аз даъвати академики ӯзбек оид ба

бомбаборони нерӯгоҳи Роғун

дар ҳайрат шуданд, ба мавҷудияту ҳастии чунин олим бовар надоранд.

Дар ҳамин ҳол, воқеъан ҳам доктори улуми иқтисодӣ, академик Рустамҷон Абдуллоев дар доираҳои муайяни минтақаи Осиёи Марказӣ маъруфият касб кардааст, вале маъруфияти ӯ на дар таҳқиқоташ дар бахши иқтисод, балки дар мадҳу таърифи миллати ӯзбек ва изҳороти шадидаш нисбат ба дигар мардуми минтақа, бахусус мардуми тоҷик ифода меёбад.

Барои баҳо додан ба сатҳи андешаронии ҷаноби Абдуллоев метавон танҳо ба сарлавҳаҳои чанде аз навиштаҳои ӯ назар кард: 

«Русский народ не произошел от иранцев, а тазики не являются арийцами»



«Узбеки — дворяне тюркских народов, а сарты — предприниматели Центральной Азии»

,

«Предлагаю создать Русскую Республику РФ и назвать евразийский союз Узбекистаном»



«Горжусь, что я барлас и потомок Темура»

 ва ғайраву ҳоказо.

Муаарихони тоҷик бо роҳбарии узви Академияи улми Тоҷикистон Раҳим Масовро ӯ бесалоҳият дониста, гузаштагони насли тоҷиконро «тозик» меномад ва ба андешаи ӯ, онҳо ба сарзамини Туркистон дар ҳайати артиши араб аз ҳисоби қавмҳои эронии тоза ба мусулмонӣ гаравида омадаанд.

Абдуллоев муътақид аст, ки чун он замон гузаштагони ӯ бо забони қадимаи ӯзбекӣ гуфтугӯ доштанду ба ҷойи ҳарфи «з» овози «ж»-ро талаффуз мекарданд, аз ин рӯ, онҳоро «тожикон» ном мебурданд ва аз ҳамин талаффузи расмии русии ин калима – «таджики» шакл гирифтааст.

«Мардуми ӯзбеки мо решаҳои амиқи таърихии пайдоиши худро дорад. Ва аз ҳама муҳимаш, халқе, ки мардуми тоҷики шуморо соли 1929 ба вуҷуд оварда, аз вилояти мухтори худ ҶШС Тоҷикистонро таъсис дод, ки мардумаш хеле носипос баромаданд», – қайд мекунад Р.Абдуллоев дар яке аз навиштаҳояш.


Абдуллоев Рустамҷон

доктори улуми иқтисод, академик аст. Соли 1971 мактаби миёнаи ба номи А.С. Пушкини ноҳияи Норини вилояти Намангонро бо медали тилло хатм кардааст. Соли 1976 Донишкадаи политехникии Тошканд ба номи А.Берунро хатм карда, соли 1984 диссертатсияи номзади илм ва соли 1984 диссертатсияи унвони доктори илмро ҳимоя кардааст.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.