Боздиди муовини вазири нерӯи Эрон аз ВКХ Тоҷикистон



Рӯзи 6 августи соли 2014 мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Исмоили Маҳсулӣ баргузор гардид.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон, зимни мулоқот тарафайн оид ба роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон, инчунин масъалаҳои омодагӣ ба сафари расмии қарибулвуқӯи раиси ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Ҳасани Рӯҳонӣ ба Тоҷикистон табодули назар карданд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин ҷонибҳо раванди иҷрои қарорҳои иҷлоси нуҳуми Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эронро мавриди муҳокима қарор доданд.

spot_imgspot_img

Популярное