Вазири корҳои дохилӣ бо сафири Озарбойҷон мулоқот орост

Чанде қабл вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Карим-оғли Гасанов, мушовири сафорати мазкур Элҳан Комил-оғлӣ Каримов ва котиби сеюми сафорати Озарбойҷон дар Тоҷикистон Самир Муҳаммад-оғли Аҳмедлиро ба ҳузур пазируфт. Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо атрофи масоили марбут ба мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, […]

ASIA-Plus



Чанде қабл вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Карим-оғли Гасанов, мушовири сафорати мазкур Элҳан Комил-оғлӣ Каримов ва котиби сеюми сафорати Озарбойҷон дар Тоҷикистон Самир Муҳаммад-оғли Аҳмедлиро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо атрофи масоили марбут ба мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз он ҷумла, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва яроқу аслиҳа мубодилаи афкор намуданд.

Сафири Озарбойҷон аз баргузории чунин як вохӯрии пурмӯҳтаво ба вазири корҳои дохилӣ изҳори сипос намуда, афзуд, ки заминаи ҳуқуқӣ барои ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилии Озарбойҷон ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон феълан муҳайё буда, баҳри дурнамои ҳамкориҳои минбаъда мусоидат менамояд.

«Фаъолияти мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон дар таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ хеле назаррас аст. Он боис мегардад, ки ҳамкориҳои дуҷониба боз ҳам тақвият ёфта, рушду такомул дода шаванд, – афзуд дар хотима ҷаноби Аббосалӣ Карим-оғли Гасанов.

Гуфта мешавад, дар фарҷоми вохӯрӣ тарафайн эҳтиромоти худро бо тақдими тӯҳфаҳои хотиравӣ ба ҳамдигар изҳор доштанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.