Намояндаи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар қитъаи Ҷиргатол чанде қабл марзбонони қирғизро огоҳ кард, ки рӯзи 9-уми август дар қаламрави Тоҷикистон, маҳаллаи аҳолинишини Тупакӯл (мавзеи пиряхи Лайсуу) миёни дастаи марзбононони Тоҷикистон ва се нафар шахсони мусаллаҳи аспсавор тирппаронӣ сурат гирифта, дар натиҷа яке аз онҳо кушта шудааст.
Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар медиҳад, ки бино ба маълумоти ҷониби Тоҷикистон, ду нафари дигар боздошт шуда, дар ҷойи ҳодиса милтиқи қутри 7,62 мм бо 8 тир, милтиқи хурди ТОЗ-8, дурбини истеҳсоли хориҷӣ ва 2 сар асп дарёфт шудааст. Муайян карда шудааст, ки ҳар се шаҳрвандони Қирғизистон, сокинони ноҳияи Чон-Олойи вилояти Ӯш мебошанд.
Ба иттилои манбаъ, санаи 10-уми август ҷасади шаҳрванди ҳалокшуда ҷиҳати анҷом додани ташхисҳои зарурӣ ба ихтиёри марзбонони қирғиз супурда шудааст. Ду шаҳрванди дигари кишвари ҳамсоя дар тавқифгоҳи муваққатии КДАМ ҶТ дар ноҳияи Ҷиргатол нигаҳдорӣ шуда, тибқи маълумоти пешакӣ, дар қаламрави Тоҷикистон онҳо ба шикор машғул будаанд.
Гуфта мешавад, аз рӯи ин далел тафтиш ҷараён дошта, оид ба ватан баргардонидани ду нафар шаҳрванди Қирғизистон тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Зимнан зикр мегардад, ки бо мақсади таҳқиқи сабабҳои ин ҳодиса имрӯз, 11-уми август вохӯрии намояндагони мақомоти марзбонии Қирғизистон дар қитъаи Ӯш ва Тоҷикистон дар қитъаи Ҷиргатол баргузор мешавад.



