Бедаракшавии духтари 5-сола – ҳамсояи хоҳарони гумшуда Араловаҳо дар Душанбе

Рӯзи 8-уми август дар шаҳри Душанбе Осияи 5-сола, ки дар бинои манзили зисти хоҳарони як сол қабл гумшуда Араловаҳо дар кӯчаи Айнӣ зиндагӣ мекард, бедарак шуд. Хабари бедаракшавии кӯдак нахуст дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук пайдо шуда, аммо мақомоти расмӣ алҳол ба ҳеҷ гунае онро шарҳ намедиҳанд. Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз шарҳи […]

ASIA-Plus



Рӯзи 8-уми август дар шаҳри Душанбе Осияи 5-сола, ки дар бинои манзили зисти хоҳарони як сол қабл гумшуда Араловаҳо дар кӯчаи Айнӣ зиндагӣ мекард, бедарак шуд.

Хабари бедаракшавии кӯдак нахуст дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук пайдо шуда, аммо мақомоти расмӣ алҳол ба ҳеҷ гунае онро шарҳ намедиҳанд.

Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз шарҳи ин масъала худдорӣ мекунанд.

Тибқи маълумоти дар шабаакаҳои иҷтимоӣ интишоршуда, Осияи 5-сола 25-уми апрели соли 2009 ба дунё омада, нимаи рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта дар назди манзили зисташ бо суроғаи кӯчаи Айнӣ 32/1 бедарак шудааст.

«Азия-Плюс» ин ҳодисаро пайгирӣ хоҳад кард. Агар касе ин духтарро дида бошад ва ё дар бораи макони будубоши ӯ маълумоте дошта бошад, хоҳишмандем бо телефони 919 29 24 73 ё 904 40 00 77 занг занед.

Дар ҳамин бино хоҳарон Араловаҳои рӯзи 25-уми марти соли 2013 бедаракшуда низ иқомат доштанд, ки то ҳанӯз мақомот онҳоро пайдо карда наметавонанд.

Ёдрас мекунем, ки нимаи дуюми рӯзи 25-уми марти соли 2013 хоҳарон Араловаҳо – Маликаи 6-сола ва Сабинаи 4-сола назди хонаи худ бозӣ дошта, баъди чанде бедарак шуданд. Ҷустуҷӯи онҳо то ҳанӯз идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар семоҳаи аввал 170 млн доллар кам шуд

Мақомот то охири соли боз ду баробар коҳиш додани онро ба нақша гирифта, лекин ният доранд, ки қарзҳои бештар бузург ҷалб созанд.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.