Бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои муштараки фарҳангии ҷавонони вилоятҳои Ӯш ва Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Суғд таҳти унвони «Дӯстиро ҷӯстуҷӯ дорем мо…» доир мешавад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд субҳи рӯзи 11-уми август намояндагони ҷавонони вилоятҳои Ӯш ва Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон ба шаҳри Исфара ташриф оварданд.
Ба иттилои манбаъ, иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳангӣ имрӯз аз Осорхонаи тибби қадими осоишгоҳи Зумрад дидан намуда, сипас дар шаҳри Қайроққум бо Баҳри Тоҷик шинос гардиданд.
Гуфта мешавад, ҳамзамон шиносоии иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳангӣ бо мактаби хонандагони лаёқатманди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Қасри Арбоб, Осорхонаи вилоятӣ, маркази таълимии «Шероз», Наврӯзгоҳи шаҳри Хуҷанд, маҷмааи фаввораҳои назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва ғайра дар назар аст.



